Пас аз хуруҷи неруҳои ҳарбӣ ва шиддат гирифтани вазъият дар Афғонистон, Тоҷикистон чандин маротиба изҳор намуд, ки дар сурати зарурат ба қабули гурезаҳо аз ин кишвар омода аст, лекин имконоти ҷумҳурии мо дар ин самт номаҳдуд нестанд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотии 26 июл дар Душанбе директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и ҷумҳурӣ Хуршед Зиёӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ба сулҳу ризоият дар сарзамини Афғонистон наметавон бо зӯри силоҳ ноил шуд.

“Танҳо бо роҳи гуфтушунид ва назардошти манфиатҳои ҳамаи миллатҳои муқими Афғонистон. Дар ҳамин ҳол, “абарқудратоне” чун Чину Русия, ИМА, Эрон ва Иттиҳоди Аврупо бояд бештар фаъолмандтар ба ҳалли мушкилоти Афғонистон натанҳо дар сиёсат, балки дар иқтисод ҳам мусоидат намоянд”, - гуфт роҳбари МТС.

Ӯ зикр кард, ки дар сурати такрори вазъияти монанд ба ҷанги Сурия, гурезаҳо аз Афғонистон натанҳо ба Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя, балки ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо шумули Чину Иттиҳоди Аврупо ва Русияву ИМА низ рӯ меоранд”.

Дар робита ба муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Эрон роҳбари МТС таъкид дошт, ки “мушкилоти ҷойдоштаро Душанбе ва Теҳрон ҳал карда, имрӯз ин муносибатҳо ба эътидол меоянд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.