Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҳлиф ё савгандёдкунии расиҷумҳури тозаинтихоби Эрон Иброҳи Раисӣ ширкат намекунад. Чун рӯзи маросими савганд бо сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон мусодиф омадааст.
Маросими савганди Раисӣ 5-уми августи соли 2021 баргузор мешавад, ки дар ин вақт Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ дар Ашқобод хоҳад буд, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯзи вазорат.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз қабл ҳамоҳанг шуда буд ва давоми як соли ахир барои анҷом шудани ин сафар ва масоили марбути он бо ҷониби Туркманистон ройзаниҳо доштем.
“Аммо сарфи назар, албатта Тоҷикистон дар ин маросими савганди раисҷумҳури ин кишвари бо мо бародар ширкат мекунад. Аз Тоҷикистон дар ин маросим раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ширкат мекунад. Интизор меравад, ки дар ҳайат дигар намояндаҳо ҳам бошанд”.
Иброҳим Раисии 60-сола, дар интихоботи рӯзи 19-уми июни соли 2021 аз миёни 7 номзад, тавонист бо ба даст овардани 62 дар сади орои мардуми Эрон ба унвони раисҷумҳури ин кишвар интихоб шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, баъди пирӯзӣ, зимни паёми табрикӣ ба Иброҳим Раисӣ гуфт, ки "Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд ва мо ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона ҳастем".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста