Хусрав Нозирӣ, Дабири кулли нави Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ё ECO аз Тоҷикистон, яке аз дипломатҳои барҷастаи тоҷик аст, ки то ин вақт дар мақомҳои дипломатӣ дурахшишҳои зиёде доштааст.

Ӯ фарзанди файласуфи номошнои тоҷик, профессор Нозир Арабзода аст ва соли 1967 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Риштаи забони арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Кори худро ба унвони ходими хурди илмии Институти осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда ва имрӯз ба мақоми Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ расид.

Созмоне, ки гуфта мешавад зери назари Эрон аст ва бо дучори мушкилоти байналмилалӣ шудани Эрон ва таҳти таҳримҳои сахти Амрико ва кишварҳои ғарбӣ шудани ин кишвар, таъсири чашмгире дар масоили иқтисодии минтақа надорад.

Акнун Нозирӣ замоне ба курсии Дабирии ин созмон такя зад, ки дар маҳофили сиёсиву дипломатӣ гуфтугузорҳо аз матраҳ шудани баргашти дубораи ИМА ба Барҷом ё тавофуқи Эрон бо кишварҳои панҷгона ба иловаи як аст. Коре, ки гуфта мешавад, ҳам роҳи муваффақияти раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Иброҳим Раисиро боз мекунад ва ҳам метавонад ба кори созмонҳои таҳти ҳимояти Эрон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, таконе бидиҳад. 

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Миср

Нозирӣ, баъди машғул шудан ба кори илмӣ, аз  ноябри 1993 то апрели 1994 мутахассиси аршади Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе буд.

Кори дипломатиро дарр соли 1994 оғоз мекунад. Ба унвони котиби севуми Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  (то сентябри 1995) кор мекунад.

Баъд аз ин, аз сентябри 1995 то июли 1998 котиби дувуми Раёсати муносибатҳои ду ва чандҷонибаи ВКХ ва баъдан, котиби якуми Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои ин вазорат кор мекунад.

Сар аз августи 2001 кори дипломатиро дар хориҷи кишвар идома медиҳад.  Котиби якуми Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таъин мешавад, ки то январи 2007 дар ин мақом кор мекунад.

Баъди ин, боз ба Тоҷикистон бармегардад ва ин бор котиби якуми Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ таъин мешавад.

Ҳамин тариқ, ӯ ба унвони сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (аз феврали 2008 то октябри 2009), сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқо (аз моҳи августи 2013 то моҳи майи 2014), сардори Раёсати созмонҳои байналмилалӣ (аз феврали 2013 то августи 2013) ва мушовири  Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (аз октябри 2009 то январи 2013) кор кардааст.


Аз 15 майи 2014 то 10 апрели 2019 ба ҳайси сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср кор кард. Ҳамчунин, дар ин давра, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ буд.
Нозирӣ ҳамчунин, аз 4 декабри 2015 то 10 апрели 2019 сафири ғайримуқими Тоҷикистон дар Африқаи Ҷанубӣ, аз 27 январи 2016 то 10 апрели 2019 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии   Федеративии Демократии Эфиопия, аз 21 июли 2016  то 10 апрели 2019 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва аз 26 октябри 2016 то 10 апрели 2019 сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Марокаш фаъолият кардааст.

Замоне, ки Хусрав Нозирӣ дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Миср кор мекард, як номаи ӯ ба унвонии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар расонаҳои Тоҷикистон хабарсоз шуда буд.

Ӯ баъди ширкат дар як конфронсе дар бораи бузургони олами ислом, дар шаҳри Қоҳира ин мактубро навишта буд. Дар ин конфронс, бархе аз чеҳраҳои гузаштаи барҷастаи илму адаби ҷаҳонии зодаи Осиёи Марказӣ, аз қабили Сино, Форобӣ ва даҳҳо тани дигарро, ба далели ҷуғрофиёи имрӯзаи зодгоҳяшон намояндаи ин кишварҳо муаррифӣ карда буданд.

Нозирӣ дар номаи ёдшудааш аз донишмандони Академияи илмҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон хоста буд, ки аз диди илмӣ посух бидиҳанд, ки асоси интисоб ё мансубияти миллии донишмандони гузашта  дар замони муосир чист: воқеияти таърихии замони таваллуд ва зиндагияшон, ҷуғрофиёи расмии имрӯзаи зодгоҳҳояшон, мансубияти милливу таборияшон ё далелҳои дигар.

Бо ёвари вазири корҳои хориҷии Миср, Ёсир Мурод. Декабри соли 2014, Қоҳира

Бар пайи ин мактуби Нозирӣ дар Акадмеия ва чандин донишгоҳҳои дигар нишастҳои илмӣ ва баҳсҳои густардае сурат гирифта буд.

Нозирӣ, соли 2019 бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуда буд, ки ин маъмурияташ то имрӯз, 2-юми августи соли давом овард.

Ба ҷуз забони модарияш, забонҳои русӣ, инглисӣ ва арабиро медонад. Дорои рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулъода ва Мухтори дараҷаи II аст.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки бо номи ECO маъруф аст, соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.

Қароргоҳи ин созмони минтақавии байнищукуматӣ дар шаҳри Теҳрони Эрон аст.
Тоҷикистон соли 1992 дар баробари Афғонистон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои ин созмон шуд.

Дар ҷаласаи 50-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1995 Қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо СҲИ қабул гардид ва сипас СҲИ мақоми нозирро дар СММ касб намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.