Баъди таъиниДавлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба унвони сафири нави Тоҷикистон дар Маскав, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва доираҳои расонаиву таҳлилӣ, мавзуъи дипломати касбӣ набудани ӯ пурбаҳс шуд. Бархе аз соҳибназарон, дар мавриди ин таъинот гуфтанд, ки шояд болотарин меъёре, ки ӯро ба ин мақом баргузиданд, садоқати ӯ ба низоми мавҷуд ва раҳбарии давлат бошад.

Дар пасманзари ин таъинот, баҳси сафирони собиқи Тоҷикистон дар Русия дубора доғ шуд, ки бо чӣ корҳое дар хотири мардум ва майдони сиёсии Тоҷикистон, нақш бастанд. Мо ҳам ба ин мавзуъ як назари мухтасар мекунем.

Чаро “фиристодаҳои Тоҷикистон дар Русия бояд доно бошанд?”

Масъалаи равобити Тоҷикистон бо Русия пеш аз ҳама берун аз тамоми чаҳорчӯбаҳои дипломативу расмист. Русия кишварест, ки дар рӯйи кор овардани ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон нақши мустақим дорад ва имрӯз низ чун ҳомии низоми мавҷуди Тоҷикистон шинохта мешавад. Аз сӯйи дигар, минтақаи Осиёи Марказӣ ба унвони минтақаи геополитикии Русия шинохта мешавад, ки Тоҷикистон яке аз марзҳои геполитикии Русия бо ҷануби Осиёст. Аз ин рӯ, авзоъ ва равандҳои ҷаҳониву минтақаӣ, ҳамеша эъҷоб мекунанд, ки равобити дипломатии Тоҷикистон бо Русия бояд як равобити хос бошад. Аз ин рӯ, мавзуъи сафирони Тоҷикистон дар Русия ҳамеша як мавзуъи ҳасос ва мавриди таваҷҷуҳ аст.  Ин ҳам дар ҳоле, ки дар бештари маврид ҷоме ва мардуми Тоҷикистон аз шахси сафирони Тоҷикистон ва коркардҳояшон дар Русия чандон розӣ набуданду нестанд. Далели ин гуфтаҳо, интиқодҳои ҳамешагӣ ва нигарониҳои мардум аст, ки солҳои пеш дар расонаҳо нашр мешуд ва дар ин авохир дар саҳифаҳои иҷтимоӣ. Вале бо ин вуҷуд, сафирони тоҷик дар Русия бо чӣ корҳое дар хотир боқӣ мондаанд?

Рамазон Мирзоев

(1995-2001)

Равобити дипломатии Тоҷикистон бо Русия дар марҳилаи навин аз 8 апрели соли 1992 оғоз мешавад. Моҳи майи ҳамин сол Сафорати Русия дар Тоҷикистон боз шуд. Моҳи июни соли 1993 намояндагии Тоҷикистон дар Русия ба намояндагии доимии Тоҷикистон дар Русия табдил дода шуд ва дар декабри соли 1993 бар пояи он сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия боз шуд. Ҳамин тавр, баъди анҷоми корҳои ташкилдиҳӣ Рамазон Мирзоев, сиёсатмадори кӯҳнакор ва омӯхташуда ба унвони нахустин сафири Тоҷикистон корро дар Русия оғоз кард.

Рамазон Мирзоев

Тавре Рамазон Мирзоев дар китоби хотироти худ менависад, агар корҳои ташкиливу бунёдии ба роҳ мондани кори сафоратро сарфи назар кунем, муҳимтарин коре, ки ӯ дар Маскав ба унвони сафири Тоҷикистон анҷом дод, ба таъбири тоҷикӣ “даву тозҳо” барои ниҳоӣ шудани корҳои ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” буд. Ин санад, 27-уми июни соли 1997 дар замонии сафирии Рамазон Мирзоев дар Русия ба имзо расид. Ҳарчанд заминаҳои объектививу субъективии ба имзо расидани ин санад дар Маскав, ба кори сафорат ва шахси сафир камтар бастагӣ дошт, вале дар бахши корҳои созмондеҳӣ ва дигар расмиёти дипломативу ҳуқуқии он Рамазон Мирзоев нақши барҷаста гузошт ва ба унвони яке аз сафирони хушноми тоҷик дар Русия мусаммо шуд.

Аммо замонии сафирии Рамазон Мирзоев дар Русия ба даврони муҳоҷирати гуруҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар ва даврони мушкилоти фаровон ва бечорагиву беҳуқуқии ин муҳоҷирон рост омад, ки аз ин нигоҳ кори сафорат ва сафир чандон муассир набуд.

Сафар Сафаров

(2001-2007)

Яке аз шохисҳои асосии сафирони Тоҷикистон дар Русия дар ибтидои кор ин буд, ки шахсони бисёр наздике ба Эмомалӣ Раҳмон сафир таъин мешуданд. Агар Рамазон Мирзоев, ба унвони раиси собиқи ноҳияи Данғара аз замони Шӯравӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ошноии дерин дошт, пас дар таъини Сафар Сафаров низ ин шохис нақши аслӣ дошт.

Сафар Сафаров низ касе буд, ки ба унвони як корманди воломақомии ҳизбии ҳамшаҳрии раисҷумҳур дар замони Шӯравӣ шиносоии хубу комиле бо Эмомалӣ Раҳмон дошт. Дар марҳилаи баъди сулҳ, аз Тоҷикистон дар Русия сафире лозим буд, ки он ҷо эътимодсозӣ кунад ва дар сатҳҳои гуногуни Русия ҳимоят аз ҳукумати Тоҷикистонро қавитар намояд.  Ин кори то ҳадде ба дӯши сафири нави Тоҷикистон дар Русия уфтод. Хусусан, дар замоне, ки дар Тоҷикистон барои таҳкими қудрат гуфтугузорҳо тағйир карданд ва баҳси тағйири Конститутсия пеш омаду интихоботи президентии соли 2004 лағв шуд.

Сафар Сафаров

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ бар ин назар буданд, ки масъалаи ояндаи қудрат дар Тоҷикистон бе ризояти ҳомии аслии низом ва ҳукумат – Русия ҳал намешавад.

Дар миёнаҳои даврони сафорати Сафаров дар Маскав дар равобити Тоҷикистону Русия каме сардӣ уфтод. Русия аз иҷрои бархе ваъдаҳои худ бо баҳонаҳое даст кашид. Хусусан аз ваъдаи сармоягузориҳои ҳангуфт ба иқтисоди Тоҷикистон ва бунёди неругоҳи Роғун. Ин давра яке ҳассостарин даврони равобити ин ду кишвар буд. Мешавад, гуфт ки даврони поёнии сафирии Сафаров дар Русия як давраи буҳронӣ шуд. Ҳарчанд дар ин давра, Русия амалан аз интихоботи соли 2006 дар Тоҷикистон ҳимоят кард, аммо буҳрони равобит боқӣ буд.

Аммо даврони сафорати Сафар Сафаров ҳам авҷи беҳуқуқиву сермушкилии муҳоҷирони тоҷик буд. Дар ин давра сафорати Тоҷикистон дар Русия барои кам расидагӣ кардан ба мушкилоти муҳоҷирон бисёр интиқод мешуд.

Абдулмаҷид Достиев

(2007-2014)

Достиевро мешавад сафирони даврони буҳрон ном бурд. Ӯ ба унвони ёри содиқу ҳамтими Эмомалӣ Раҳмон дар замоне, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҳомоятҳои бештари Маскав ниёз дошт, сафир шуд ва дар ин росто муваффақ ҳам шуд.

Абдулмаҷид Достиев

Албатта Достиев ба унвони сафир корҳои зиёде кард, аммо ду кор дар замони сафорати ӯ аз ҳама беш хабарсоз буд:

Яке, ташкили Иттиҳодияи тоҷикистониҳои Русия ба унвони як ниҳоди комил ва воҳиди сартосарӣ;

Дигаре, баҳсҳо бар сари тамдиди Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон.

Ҳарчанд ташкили Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия аз сӯйи Достиев баъдан ба интригаҳое дар дохилу хориҷ ҳамроҳ буду ин иттиҳод аз сӯйи омилини сиёсиву истихборотӣ пароканда шуд, аммо ин яке аз ибтикорҳои хуби Достиев буд, ки агар дар оғози кор қурбон намешуд, метавонист барои нуфузи Тоҷикистон дар Русия хеле корҳо бикунад.

Даврони сафорати Достиев даврони буҳронӣ буд. Русия ба ҳар тасмими Тоҷикистон мавзеъгириҳои аҷибу ғарибе мекард.

Ҳатто мавзуъи шахсии тағйири ному насаби кардани президенти Тоҷикистон ба яке аз мавзуъҳои дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Димитрий Медведев, раисҷумҳури вақти Русия табдил шуд.

  Хуб буд ё бад, дар ин замон тамдиди Пойгоҳи 201-уми Русия барои 49 соли дигар иттифоқ уфтод. Ин иттифоқ дар шароите сурат гирифт, ки вазири хориҷаи Тоҷикистон – Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки раиси Достиев ҳисоб мешуд, дар авҷи баҳсҳо изҳорот дода буд, ки замини Тоҷикистон хонаи падар  ман ё каси дигаре нест, ки ройгон дар ихтиёри дигарон гузошта шавад. Аммо саранҷом, пойгоҳи низомии Русия ба таври ройгон тамдид шуд.

Ҳарчанд замони сафорати Достиев бо баҳсҳои сиёсе ҳамроҳ буд, аммо ӯ тавонист, ки ҳимояти Маскавро барои интихоботи соли 2013 ҳосил кунад. Ин ҳам дар шароите, ки он замон аз долонҳои сиёсии Русия ягон-ягон сару садои интиқол ё тағйири қудрат дар Тоҷикистон берун меомад.

Имомуддин Сатторов

(2014-2021)

Таъини Сатторовро ба унвони сафир дар Маскав дар Тоҷикистон хуш пазируфтанд. Аз Сатторов ба унвони як сафири фарҳангӣ, босавод ва дипломати куҳнакор ном бурда мешуд. Сатторов бо фарқ аз се ҳамтои пешини худ, то расидан ба мақоми сафорат дар Маскав, таҷрибаи сафирӣ дар кишварҳои муҳими аврупоироро дошт. Гузашта аз ин пешинаи таҳсил ва кори ӯ дар Русия ва шахси донишгоҳиву доираҳои илмӣ будани ӯ, ба истиқболи хубе ҳамроҳ буд, ки акнун барои беҳсозии равобит, эшон корҳои зиёде хоҳанд кард.

Аммо даврони сафорати Сатторов ҳам дар авохир ба як давраи сардии равобити Тоҷикистону Русия гиреҳ хӯрд. Хусусан, ин замон, ба даъватҳои Русия барои ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастани Тоҷикистону посухи “бале” надодани Тоҷикистон рост омад. Ин давроне буд, ки муҳоҷирони тоҷик гирифтори калонтарин мушкилоти худ шуданд. Давраи тағйири қонунҳои муҳоҷирати Русия ва ихроҷи фавҷ-фавҷи муҳоҷирону мамнуъулвуруд шудани шумораи зиёди муҳоҷирони тоҷик. Мавзуъе, ки ҳатто ба барномаи мулоқотҳои чандинбораи Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони Русия ворид шуду аммо дар замони сафорати Сатторов ҳал нашуд ва ба давраи сафири нав мерос монд.

Имомуддин Сатторов

Муҳоҷирон яке аз аҳрумҳои фишори Русия дар қиболи Тоҷикистон буданд ва ин ҳамеша дар лаҳзаҳои хос аз сӯйи Русия истифода мешуд. Дар замони сафорати Сатторов ҳам ин истифода борҳо мушоҳида шуд. Аммо Сатторов поёни сафораташро бо як марҳилаи нав ва хуби равобити Тоҷикистону Русия ба итмом расонид. Агар сафари охирини Эмомалӣ Раҳмонро ба Русия барои иштирок дар ҷашни 76-солагии пирӯзии Шӯравӣ бар Олмони нозӣ ба назар бигирем, яке пурсарусадотарин сафарҳои Раҳмон буд. Ҳарчанд гуфта мешуд, далели аслии сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷашн бештар ба унвони раиси даврии Шӯрои амнияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аст, аммо бо фарқ аз сафари пешини Эмомалӣ Раҳмон, ки ба истиқболи эшон ба фурудгоҳ яке аз муовинони вазири корҳои хориҷии Русия омада буд, ин сафар ҳамҳамаву дамдамаҳои зиёд ва паёмҳои рӯшане дошт.

Аммо дар даврони тамоми ин сафирон мушкили аслӣ ва асосӣ дар равобити Тоҷикистону Русия масъалаи муҳоҷирон буд, ки ҳеч гоҳе ҳал нашуд. Ин мушкил ба як дарди музмини равобити ду кишвар табдил шуд ва акнун ба сафири нави Тоҷикистон ба мерос монд.

Меросе, ки ҳалли он хеле кори сода нест ва масоили сиёсиву болотар аз он гиреҳ хӯрдааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.