Буҳрони сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беш аз чор даҳа идома дошта, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар  на танҳо ба равандҳои дохилӣ, балки ба маҷмӯи равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятии минтақа пайванд гардидааст. Бахусус пас аз солҳои 90-уми асри ХХ танзими вазъи Афғонистон ба як муаммо табдил ёфтааст.

Дар мавриди дурнамои вазъи Афғонистон, коршиносони соҳаҳои гуногун пажуҳишҳои зиёде, анҷом додаанд. Вале муҳимтарин воқеияти вазъи аслии он аз таҳлилу баррасӣ ва пешбиниву пешгӯии коршиносон дар мавриди дурнамои равандҳои сиёсӣ берун буда, ҳар замон вобаста ба бархӯрди манфиатҳо ва вазъи пешомада тағйир меёбад. Чун роҳи ҳалли бозиҳои сиёсӣ бо дарназардошти манфиатҳо амалӣ карда мешаванд ва эҳтиёҷ ба консепсияи илмии сиёсатшиносӣ намемонад, инро музокироти бенатиҷаи Қатар ва хуруҷи нобаҳангоми неруҳои ИМА ва ҳампаймононаш собит намуд.

Бояд гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зикргардида моҳияти масъалаи Афғонистонро ба таври зайл, шарҳу тавзеҳ медиҳем.

Равандҳои шаклгирифтаи вақтҳои охир дар Афғонистон ва шикасти норавшани неруҳои муқовимат дар шимол баёнгари он аст, ки минтақа бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи хосси қудратҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ қарор гирифтааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба масъалае, ки боиси нигаронҳои элитаи сиёсии Афғонистон гаштааст, сафари бо як силсила муаммоҳо ва норушаниҳои роҳбарони гурӯҳи "Толибон" ва мулоқотҳояшон бо мақомоти баландпояи низомии кишварҳои минтақа аст. Маҳз вуҷуди ҳамин номаълумиҳо, боис гардид, ки гурӯҳи "Толибон" машруъияти сиёсӣ дар  арсаи ҷаҳонӣ пайдо намояд. 

Идомаи буҳрони мавҷуда, таҳаввули бозгашти гурӯҳи "Толибон" ба сангарҳои ҷанг, ҳузури фаъоли беш аз 21 гурӯҳи ифротии мазҳабӣ вобаста ба "Ал–Қоида" ва гурӯҳи "Ҳаққонӣ" дар  Афғонистон ва ҳамин тариқ, таҳлили баъзе паҳлуҳои воқеаҳои ба амаломада дар қисмати шимоли ин кишвар бо сароҳат баёнгари он аст, ки овардани ҷанг ба марзҳои наздисарҳадии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) як падидаи тасодуфӣ нест. Балки дар доираи нақшҳои аз нигоҳи низомӣ ва сиёсиву иқтисодӣ тарҳрезишуда аст. Омӯзиши масъала нишон медиҳад, ки дар сурати ба қудрати расмитар расидани ҷунбиши "Толибон" амнияти кишварҳои минтақа зери суол хоҳад рафт. Дар ин муддат онҳо тавонистанд, 95 дарсади қаламрави Афғонистонро зери ишғоли худ қарор диҳанд.

Албатта, набояд фаромӯш кард, ки назарияҳо ва фарзияҳои даҳшатангез дар бораи суқути шимоли Афғонистон вуҷуд дорад. Агар муқовимати шимоли Афғонистон шикаста шавад ва зери нуфузи  комили "Толибон" қарор гирад, дахолати  Русия ва Чин дар шимол ва шимолу шарқи ин кишвар бештар хоҳад шуд. Дар натиҷа, дахолати неруҳои бегона, роҳро барои мудохила ва ҳузури қудратҳои дигар ҳамвор сохта, хатари тақсими амиқи ҷомеаро пеш меорад. Агар ҳукумати марказии Афғонистон ва "Толибон" ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир накунанд, вилоятҳои шимол эҳтимолан ба макони бозиҳои хатарнок миёни кишварҳои ҳамсоя ва абарқудратҳо табдил хоҳанд ёфт.

Вазъи кунунии Афғонистон бо ду хусусияти хос  аз даҳаи навадум фарқ мекунад. Аввалан, дар нимаи дуюми солҳои 90-ум, ки ҷунбиши "Толибон", Кобулро ишғол карда, мехостанд бо роҳи зур сиёсатҳояшонро дар ҷомеа татбиқ намоянд. Аммо дар шаш соли инҳисори қудрат, ҳеҷ кишваре ба ҷуз Покистон, Имороти муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Сауъдӣ онҳоро эътироф накард.

Сониян, Бори дигар, мутаассифона, ба онҳо муяссар шуд, ки Афғонистонро тасарруф намоянд. Бо таваҷҷуҳ бо ин таҳаввули пешомада метавон гуфт, ки баъд аз соли 2001 "Қазияи Афғонистон" аҳаммияти бузургӣ ҷаҳониро ба худ касб кард. Бинобар ин, гурӯҳи "Толибон" аз иштибоҳоти гузаштаи худ ибрат гирифта, равиши муборизаро тағийр додаанд. Яке аз ин намунаҳо озод кардани Амир Исмоилхон раҳбари ҷиҳодии замони ҷангӣ Шуравӣ мебошад. "Толибон" ба намоиш гузоштани чунин муносибат мехоҳанд, эътимоди мардум ва боварии ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намоянд, зеро бе ҳимояи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даст овардани машруияти сиёсӣ барояшон мушкил хоҳад буд. Аммо дар асл "Толибон" ҳамон гурӯҳҳи ифротии даҳҳаи 90 –ум буда, дар зеҳн ва дидгоҳи онҳо ҳеҷ тағийре сурат нагирифтааст.  

Раҳбарони гурӯҳи "Толибон" то ҳанӯз ҳассосиятҳои дохилӣ, байналмилалӣ ва оқибати мудохилаи хориҷиро дар Афғонистон ба хубӣ дарк накардаанд. Даргириҳо шадидтар шуда, кишвар ба ҷониби сарнавишти номаълум хоҳад рафт. Натиҷаи ин буҳрон Афғонистонро таҷзия карда, вобастагии онро ба қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бештар мегардонад. Бояд тазаккур дод, ки мавзӯъи Афғонистон бо гиреҳҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву геополитикии на танҳо минтақаи Осиёи Марказӣ, балки қитъаи Осиё ва ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ҷаҳони муосир пайваст аст ва аз бисёр ҷиҳатҳо тақдири ояндаи ҷаҳон ба ҳалли мусолиматомези мушкилотҳои ин кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, мавзуъи Афғонистонро набояд саҳлу осон маънидод кард.

Таҳлилҳо ва манбаҳо нишон медиҳанд, ки "Толибон" новобаста аз дастовардҳои мувақатияшон, бо чунин мавқеъгирии шадиди сиёсию идеологӣ, дар вазъияти танозули сиёсӣ-низомӣ қарор гирифта, боиси фурӯпошияшон дар дарозмуддат мегардад. Ҳамчунин, дар сурати бақои онҳо ҷангҷуёни ғайрипаштун хостори нақши баробар дар ҳайати раҳбарияти  ин гурӯҳ хоҳад шуд. Аммо ҳассосиятҳои қавмии ҷомеаи Афғонистон ночор ба ин гурӯҳ сироят хоҳанд кард. Мусаллам аст, ки дар сурати ба қудрат расидани ин гуруҳ, "Толибон"-и ғайрипаштун дар тасмимгириҳои сиёсии Ҳукумати оянда ҳеҷ нақше нахоҳанд дошт, ин норозигиҳо боиси парокандагӣ миёни онҳо гашта, Афғонистон дучори  буҳрони навбати хоҳад шуд.

Лоиқназар Муъмин, коршиноси масоили сиёсӣ

Тибқи мушоҳидаҳо, айни замон ҷангҷӯёни ғайрипаштуни гурӯҳи "Толибон", танҳо нақши ҷангиданро иҷро мекунанд. Чунин вазъият, сохтори гурӯҳи "Толибон"-ро ба хатари парокандагӣ  оварда мерасонад. Бинобар ин, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки сарнавишти ин гурӯҳ монанди дигар гурӯҳҳои ҷиҳодии Афғонистон мегардад.

Нуктаи аз ҳама муҳимтар он аст, ки дар сурати маҳдуд кардани фаъолияти занон аз ҷониби гурӯҳи "Толибон" муқовимати бонувон бар зидди онҳо тақвият хоҳад ёфт. Ин муқовиматро дар пайравӣ аз ҷунбиши занони муборизи курд,  занони фаластинӣ ва ҷасорати зани бағлонӣ, ки хезиши мардумиро ба уҳда дошт, ҳамчун намунаи ибрат барои дигар бонувони афғон шуда метавонад.

Бинобар ин, дар идомаи вазъи феълии Афғонистон чанд сенарияи эҳтимолиро метавон номбар кард, ки дар оянда боиси зафъ ва шикасти гурӯҳи "Толибон" хоҳанд шуд;

– пайвастани бонувони фаъоли афғон дар ҷанг, паёмадҳои манфӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ барои гуруҳи "Толибон"хоҳад дошт;  

 – ҷангидан бо занон бар хилофи урфу одати ҷомеаи мусалмонӣ ва фарҳанги афғонист, чунин муносибат боиси беътибор гаштани онҳо мегардад;

 – эътирози бонувони афғон дар баробари "Толибон"боиси дастгирӣ ва пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт;

 – ҷунбиши занони афғон ҳамчун рамзи мубориза бар ифротгароии динӣ табдил хоҳад шуд;

Хулоса, бардоштҳои вазъи пешомадаи Афғонистон аз назари дидгоҳи стратегӣ нишон медиҳанд, ки дар чунин шароити пешомада, давлатҳои ба монанди Чин, Руссия ва Ирон бо баҳонаи таҳдиди хатарҳои ҷойдошта, ба амнияти давлатҳояшон вориди саҳна шуда, аз гурӯҳҳои  вобаста ба худашон ҳимоят хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, маҷмӯъи хулосаҳои зикршуда нишон медиҳанд, ки дар чунин муҳити мураккаби воқеиятҳо, шимоли кишвар ба як пойгоҳи омӯзиши гурӯҳҳои террористон мубаддал гашта, чунин вазъ на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки барои Русия, мамолики Қафқоз ва дигар давлатҳои Шарқи Аврупо низ манбаи таҳдид хоҳад шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.