Маскав намехоҳад, ки низомиёни амрикоиро дар Осиёи Марказӣ бубинад, зеро Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) фазои ягонаи амниятӣ дорад.
Тавре Коммерсант хабар медиҳад, пас азгуфтушунид бо ҳамтои худ аз Маҷористон (Венгрия) дар Будапешт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин робита изҳор намудааст, ки бо тарки Афғонистон, ИМА мехоҳад қисмате аз зербино, аслиҳа ва низомиёни худро дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя ҷойгир кунад.
“Ин ба онҳо дар оянда имкон медод, ки дар сурати зарурат ва “зоҳир шудани рафтори бад” ба қаламрави Афғонистон зарба зананд”, - гуфтааст вай.
Лавров гуфтааст, ба фикраш Wall Street Journal пурсидааст, ки оё Русия мехоҳад сарбозони амрикоиро дар Осиёи Марказӣ бубинад?
“Не Аввалан, мо як фазои амниятии муштарак дорем ва ин фазо ӯҳдадориҳои худро дорад. Ман СААД-ро дар назар дорам, ки дар масъалаҳои марбут ба ҷойгиркунии нерӯҳои мусаллаҳи хориҷӣ дар қаламрави онҳо розигии ҳама иттифоқчиёнро пешбинӣ мекунад", - гуфтааст Лавров зимни нишасти матбуотӣ.
Қаблан газетаи The Wall Street Journal хабар дода буд, ки президенти Русия Владимир Путин дар ҳамоиши моҳи июн дар Женева ба ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден гуфта буд, ки Русия ва Чин мухолифи ҳузури низомии ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста