Нимаи дуюми рӯзи 25 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба сарвари давлати Фаронса барои ташаббуси муҳокимаи масъалаҳои кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Зикр гардид, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.
“Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад”, - бо нигаронӣ зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.
Президенти Тоҷикистон ба президенти Фаронса дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар маълумот доданд.
“Таъмини амнияти кафолатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳоямон мебошад, - изҳор дошт сарвари давлати Тоҷикистон дар ин замина.
Ҷонибҳо дар бораи идомаи машваратҳо оид ба масъалаҳои Афғонистон ба мувофиқа расиданд ва тасмим гирифтанд, ки ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Ҳукми танқиди раис” ё чаро “Одобнома” бояд риоя карда шавад?
Зоҳири Ағбар: Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба замон эҳтиёҷ дорад
Толибон мехоҳанд аз Русия 1 млн баррел нафт харанд
Сокинони шаҳр ва деҳа барои хӯрок чӣ қадар маблағ сарф мекунанд?
Медали нуқраи ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров дар Қазоқистон
“Ориёнбонк” дар Тошканд намояндагӣ боз кард
Иштироки Азим Иброҳим дар конфронси вазирони кишварҳое, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд
Чор медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
Нур Табар, собиқ вазири фарҳанг вафот кард
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста