Рӯзи 13 октябри соли равон раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Фаронса меравад. Дар ин бора, 26 августи соли 2021 сомонаи расмии Қасри Елисейи Фаронса хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафар ба Фаронса президенти Фаронса Эммануэл Макрон зимни суҳбати телефонии рӯзи 25 август даъват кард.
- Ӯ меҳмони олиқадрро рӯзи 13 октябр ба ҳузур хоҳад пазируфт, - менависад манбаъ.
Ба навиштаи сомонаи мазкур, зимни суҳбати телефонӣ ҳарду роҳбарони давлат вобаста ба вазъ дар Афғонистон нигаронии амиқ зоҳир карда, роҷеъ ба ҳолати паноҳандагони афғон ва инчунин, оқибатҳои ба сари ҳокимият омадани “Толибон” дар Кобул табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми рӯзи 25 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Зикр гардид, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.
Президенти Тоҷикистон ба президенти Фаронса дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар маълумот дод.
Ҷонибҳо дар бораи идомаи машваратҳо оид ба масъалаҳои Афғонистон ба мувофиқа расиданд ва тасмим гирифтанд, ки ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста