Салоҳуддин Раббонӣ, раиси ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ва писари Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар, бо нашри паёме дар саҳфаи фейсбукаш аз Эмомалӣ Раҳмон барои эҳдои ордени дараҷаи I Исмоили Сомонӣ ба падараш ва Қаҳрамони миллии Афғонистон шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, изҳори ташаккур кардааст.
Салоҳуддин Раббонӣ навиштааст, ки "ҷалолатмаъоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон тайи ду фармони ҷудогона, нишони дараҷаи I Исмоили Сомонӣ, олитарин нишони давлатии Тоҷикистонро ба раҳбари ҷиҳоду муқовимати мардуми Афғонистон, раисҷумҳури пешини ва шаҳиди сулҳ пруфейсур Бурҳонуддин Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии кишвар, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд эъто намудааст".
Раббонии хурдӣ дар ин паёмаш аз Эмомалӣ Раҳмон "бобати қадршиносӣ ва такрими ҷойгоҳ ва эҳдои олитарин нишони давлатии ин кишвар ба Раҳбари шаҳид ва Қаҳрамони миллии кишвар амиқан сипосгузорӣ" мекунад.
Ҳамчунин ӯ 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба шахси Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон табрик арз кардааст.
Бояд гуфт, ки имрӯз Эмомали Раҳмон бо ду фармони хос ба Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” эҳдо кард.
Дар идома Салоҳуддин Рабонӣ навиштааст, ки нақши миёнҷигариёна ва сулҳҷӯёнаи Устоди шаҳид ва Қаҳрамони миллӣ дар поён бахшидани ҷанги дохилии тоҷикон ва барқарории сулҳу субот дар он кишвар арзанда ва таърихӣ пиндошта мешавад. Ӯ гуфтааст, ки падараш ба унвони раисҷумҳур нахустин сафари хориҷии хешро ба Тоҷикистон анҷом дода буда ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар нахустин сафари худ ба Афғонистон ташриф оварда буд, ки тайи ин сафар мавзуъи ҳаллу фасли қазияи Тоҷикистон мавриди баҳс будааст.
Раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, дар идомаи ин паёми ташаккурияш, ба мавзуъи кунунии Афғонистон пардохта, таъкид кардааст, ки "дар шароите, ки бақияи миллатҳо ва давлатҳо аз талошҳои ва дидгоҳҳои сулҳомези ин ду шахсият ёдоварӣ мекунанд, умедворем, ки вазъияти кунунии Афғонистон низ, аҳамият ва коромадии ин дидгоҳҳо дарк шавад ва мушкилоти феълии кишвари ахзизамон низ аз раҳгузари гуфтугӯҳои ҷомеъ ва дарбаргиранда ҳал гардад".
Якбори дигар таъкид мекунам, ки ҷанг интихоби беҳтар нест, аммо агар шароит ба тарафи такрори иштибоҳоти гузашта пеш бурда шавад, мардуми мо ҳаққи дифоъи машруъ аз худро барои ҳифз ва посдорӣ аз арзишҳо ва таҳаққуқи адолати сартосарӣ маҳфуз медорад,- гуфтааст Раббонӣ.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста