Аз ин ба баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон метавонанд ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд. Дар ин бора, амри президент 27 августи соли 2021 содир шудааст, ки нусхае аз он дар ихтиёри "Азия-Плюс" қарор гирифт

Амри мазкур тартиби додани розигӣ ба шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва хидмати давлатӣ барои таълиф ва ҳимояи рисолаҳои илмиро тасдиқ кардааст.

Тибқи он, ҳамаи мансабдорони сатҳи болоӣ, сар карда аз сарвазир, муовинони он, вазирон, раисони кумитаҳо, агентиҳо, хадамот, саридораҳо, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ва муовинонаш, ёрдамчиёни президент, раисони ҳарду палатаи парлумон, муовинони онҳо, вакилон, сафирон, намояндагони доимии Тоҷикистон дар созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, раис, муовин ва аъзоёни КМИР (кумитаи марказии интихоботу раъйпурсӣ), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муовинони ӯ ва ҳамчунин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Тоҷикистон, судяҳо, роҳбарони мақомоти қудратӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки пеш аз ҳимояи дисертатсия аз президенти Тоҷикистон иҷоза гиранд.

Ҳамчунин, шахсони мансабдори давлатие, ки мансабҳои категорияи олиро дар сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва хидмати давлатӣ ишғол менамоянд, уҳдадоранд, ки розигии раисиҷумҳурро зимни ҳимояи рисолаи илмии худ бигиранд.

Дар амр ҳамчунин, тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани розигии президент низ омадааст, ки инҳо ариза ба унвони президенти Тоҷикистон; маълумотнома дар мавриди номи мавзўи таҳқиқшаванда ва асосноккунии он аз ҷониби муассисаи илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, ки дар он таҳқиқот шурўъ мешавад; нусхаи дипломи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ё дараҷаи илмӣ, иборат мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар сурати ба талаботи мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда онҳо ба мақоми ирсолкунанда баргардонида мешаванд.

Дар амри мазкур зикр шудааст, ки кормандони дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар мансабдорони сатҳи поёнӣ барои таълифу ҳимояи рисолаи илмӣ, ҳамчунин аз роҳбари дастгоҳ ва роҳбари аввали худ низ розигӣ мегиранд.

Ҳамчунин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва онҳое, ки дар мансабҳои маъмурии хидмати давлатии категорияҳои якум - ҳафтумро дар мақомоти марказӣ, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот ишғол менамоянд, барои таълифу ҳимояирисолаи илмӣ  аз роҳбари аввали худ иҷоза мегиранд

18.03.2020. Раисҷумҳур дар ин мулоқот олимонро барои рисолаҳои илмии рӯйбардошудаашон ва фошкориҳои пойгоҳи "Диссернет" сахт интиқод кард.
Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар муқаррароти хотимавии амри рисиҷмуҳур қайд шудааст, ки шӯрои олимони (шӯрои илмии) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар сурати мавҷуд будани розигии президенти Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони сохторҳои дигари давлатӣ масъалаи тасдиқи мавзўи рисолаи илмии шахсони мансабдори давлатиро баррасӣ ва барои ҳимоя мепазиранд. Сипас, баъди баъди ҳимоя якҷо бо ҳуҷҷатҳои довталаб ба Комиссияи олии аттестатсиони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Ин амри президент дар ҳолест, ки дар 3-4 соли ахир пойгоҳи таҳқиқии "Диссернет" бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардӯздӣ ва рӯйбардору нусхабардории корҳои илмияшон муттаҳам кард, ки дар миёни онҳо мансабдорони баландмақоми давлат, аз ҷумла Давлаталӣ Саидзодаву Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовинони сарвазири Тоҷикистон, Асадулло Раҳмон мушовири Эмомалӣ Раҳмон дар умури кадр ва бархе вазирону ректорони донишгоҳҳо ва чанде дигар аз мансабдорони радаҳои поёнӣ низ буданд.

Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифатӣ ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта буд: "Зиёда аз 40 нафар олимоне, ки дар пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, онҳое мебошанд, ки рисолаҳои илмии худро дар шӯроҳои диссертатсионии марбут ба ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва педагогика дифоъ кардаанд. Маълум мешавад, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд".

18.03.2020. Мулоқоти Э. Раҳмон бо олимону зиёиён.

Ҳамчунин президенти Тоҷикистон гуфта буд, ки дар рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) ба мушоҳида мерасанд.

- Сабаби чунин муносибат, пеш аз ҳама, камҳавсалагии роҳбари илмӣ, фориғболии унвонҷӯ ва рӯякӣ таълиф гардидани рисола мебошад. Имрӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рисолаҳои зиёд интишор мешаванд, баъзе унвонҷӯён аз онҳо рӯйбардор карда, бо роҳи осон мехоҳанд соҳиби дараҷаҳои илмӣ гарданд. Дар натиҷа ҳам сифати илми ватанӣ коҳиш меёбад, ҳам обрӯву эътибори унвонҷӯ ва роҳбараш дар миёни ниҳодҳои илмӣ паст мегардад. Ин “бемории” замони технологияҳои муосир буда, ба зеҳни олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо сироят карда истодааст", - гуфта буд президенти кишвар.

Пойгоҳи “Диссернет” як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд, месанҷад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.