Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар суханронияш дар ҷаласаи ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ба вазъи Афғонистон низ дахл карда, гуфт, ки кишварҳои манфиатдори ҷаҳон ҳаққи манавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро танҳо гузоранд.
Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон аз ҳеч кишваре ном набурд, вале гуфт, ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад.
Президенти Тоҷикистон гуфт, ки мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид.
Эмомалаӣ Раҳмон дар ин суханронияш хостори андешидани тадбирҳои фаврӣ аз сӯйи ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон шуд.
Президенти Тоҷикистон расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишварро аз ҷумлаи тадбирҳои таъхирнопазир донист.
Ба назари раиси давлати Тоҷикистон сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар робита ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд,-гуфт Раҳмон.
"Бинобар ин, мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем",-таъкид кард раисҷумҳури Тоҷикистон.
Раҳмон дар ин суханронияш аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки мардуми Афғонистонро танҳо нагузоранд: "Ҳамчунин, мехоҳам боз як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд. Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд".
Президенти Тоҷикистон бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистонро боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон номид.
Вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад, зеро ман борҳо гуфтаам, ки амнияти минтақаи мо, дар навбати аввал, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад. Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки тайи зиёда аз бист соли охир ман аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад,-гуфт Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон кишварҳо ва доираҳои манфиатдору дахлдор дар бетафовутӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон муттаҳам кард ва гуфт, ки дар натиҷа мушкилоти Афғонистон ба ҷое расид, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста