Бо даъвати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон президенти Русия Владимир Путин 15 сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Дар шаҳри Душанбе сарони давлатҳо нахуст ҷудогона “як ба як” суҳбат намуда, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи кишварҳо баргузор мешавад.

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид имзои зиёда аз 20 санади нав дар назар аст, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчигӣ байни Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ҳамчунин дар маросими маҷозии санги асос гузоштан ба оғози сохтмони панҷ мактаби таълимашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.