Назди бинои сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон занону кӯдакони зиёде бо шиорҳои мухталиф дар даст ҳамрайъии худро бар зидди амалкарди Толибон баён карда истодаанд. Руҳияи мардум хуб аст.
“Садои мо дарду ғами мардуми моро ба Афғонистон нишон медиҳад. То вақте ки ҳуқуқи занон риоя нашавад, мо ором намешавем. Мо озодӣ мехоҳем. Зинда бод Афғонистон! Зинда бод Аҳмади Масъуд. Зинда бод Ҷабҳаи муқовимат. Аз байрақи серанги худ дифоъ мекунем”, - навишта шудааст дар шиорҳои ҷамъомадагон.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз ҷамъшавӣ ва баёни эҳсоси онҳо нисбати Афғонистон хушнудӣ изҳор намуд.
“Занони Афғонистон дар ин кишвар ҷойгоҳи махсус доранд Толибон ба интихобот, ба ҳуқуи зан эътимод надоранд. Толибон ба модару хоҳар арзиш надоранд. Модарону хоҳарон мехоҳанд ки дар ҳукумати қонунӣ кор кунанд. Онҳо мехоҳанд ки ҳуқуқи онҳо ҳифз шавад ва баробари мардон фаъолият кунанд. Вале аз ҷониби Толибон ин тазоҳурот бо гулӯла посух дода мешавад. Мо аз муқовимат ҳимоя мекунем”, - гуфт сафир.
Сафир изҳор дошт, ки “ҳукумате ки ҳоло Толибон таъсис додаанд бояд дар як мадраса таъсис мешуд”.
“Афгонистонро лонаи терроризм насозанд. Ин дард танҳо дарди мардум ва занони Афгонистон нест, ин мариз дучори дигарон мешавад. Умедворем ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон толибонро эътироф намекунанд”, - гуфт ӯ.
Ҷамъомадагон аз СММ дархост намуданд, ки аз ҳуқуқи онҳо дифоъ карда, аз вазъияти Афғонистон чашм напӯшанд. Инчунин аз кишварҳои дӯсту бародар ва ҳамсояҳо кумак дархост шуд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста