Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 14 сентябр сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват гардида, ба ӯ ёддошти эътирозӣ супорида шуд.
Гуфта мешавад, ки ин ёддошт дар робита ба ба суханони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден, ки зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилванияи ИМА садо дод, супорида шудааст.
Бояд гуфт, ки раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи 11-уми сентябр дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи бист сол пеш дар шаҳри Шансквили иёлати Пенсилвания бо ишора ба чархи ҳавопаймо овезон шудани чанд сокини Афғонистон (ҳангоми фирор аз он кишвар) гуфт, "агар дар Тоҷикистон ҳам ҳавопаймо меомаду эълон мекард, ки касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад, одамон ба чархи ҳавопаймо мечаспиданд".
- Бисёр душвор аст, ки ба дигарон фаҳмонӣ, ки чӣ гуна метавон хориҷ шуд. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои “С-130”-ро оварда мегуфтем: “ҳар касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад”, боз ҳам одамон дар чарх (манзур ҳавопаймо) овезон мебуданд”, - шарҳ дода буд Ҷо Байден.
Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон “чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад”.
Гуфта шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо ИМА дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста