Имрӯз, 15 сентябр, раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Беларус Александр Лукашенко ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) Владимир Норов ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора, АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Ҳамчунин, ӯ дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки ба 20-умин солгарди таъсиси ин созмон бахшида шудааст, ширкат хоҳад кард.

Ҳадафи сафари Токаев ва Норов ба Тоҷикистон танҳо ширкат дар иҷлосияҳои СААД ва СҲШ гуфта мешавад.

Лукашенко ва Токаевро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва  Норовро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим истиқбол намуданд.

Ёдовар мешавем, 16-17 сентябр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ баргузор хоҳад шуд.