Русия ҷонибдори оғози расмиёти пазируфтани Эрон ба ҳайати Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аст. Дар ин бора рӯзи ҷумъаи 17 сентябр президенти Русия Владимир Путин хабар дод.
Ӯ таъкид дошт, ки Русия ба масъалаҳои ҳамкории СҲШ бо кишварҳое, ки мехоҳанд бо ин созмон муколамаи ошкоро ва баробар барпо кунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, инчунин имкони пайвастан ба кори онро баррасӣ мекунад.
Путин дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ гуфт: "Русия тасмим дар бораи оғози тартиби қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба СҲШ-ро, ки ҷиҳати тасдиқ ба Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ пешниҳод шудааст, дастгирӣ мекунад”.
Илова бар ин, Владимир Путин зикр кард, ки Русия инчунин додани мақоми шарикони муколама дар СҲШ ба Қатар, Миср ва Арабистони Саудиро истиқбол мекунад, менависад Известия.
Ҳамзамон, ӯ изҳор дошт, ки роҳ аз "чароғи сабз" барои узвият то ба узви воқеии созмон шудан вақти зиёдро мегирад, зеро ҳуҷҷатҳое, ки кишвари номзад бояд дар навбати аввал имзо гузорад, бояд тасдиқ карда шаванд.
Эрон, ки аз соли 2012 инҷониб мақоми нозир дар ин созмонро дорад, ҳанӯз соли 2008 барои пайвастан ба сафҳои он ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат карда буд, аммо узвияти он бо сабаби таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ алайҳи Теҳрон солҳои тӯлонӣ дар ҳолати номаълум қарор дошт.
Соли 2015, пас аз пайдоиши созишномаи ба истилоҳ ҳастаӣ бо Эрон, таҳримҳо бекор карда шуданд.
Нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзи 17 сентябр дар Душанбе баргузор шуда, ба ҷашни 20-умин солгарди таъсисёбии ин Созмон бахшида шудааст.
Дар нишасти СҲШ дар Душанбе мавзӯи Афғонистон мавзӯи калидӣ шуда, роҳбарони СҲШ дар бораи дидгоҳи худ оид ба вазъи Афғонистон изҳори назар карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста