Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Созмони Миллати Муттаҳид (СММ) ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дархост кардааст, ки ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер мусоидат кунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню Йорк қарор доранд.
Сомонаи ВКХ менависад, ки 21 сентябри 2021 Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар “Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон, ба вежа занон ва духтарон дар Афғонистон ва минтақа”, ки бо даъвати Канслери Австрия Себастиан Куртс дар ҳошияи иҷлоси 76-уми СММ баргузор гардид, ба аҳволи вазнини мардум дар вилояти Панҷшери Афғонистон таъкид намуд.

Ӯ гуфтааст, дар ин минтақа “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд
- Ба ҳозирин мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба қазияи Афғонистон тавзеҳ дода, ба аҳаммияти расонидани кӯмаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва таъмини ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсил, инчунин ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати васеи ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, бахусус тоҷикон, ки 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, таъкид гардид, - менависад сомонаи ВКХ.
Мавсуф аз кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки ҳарчи зудтар садди роҳи ин зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмиро гиранд ва дар кушодани роҳҳо ҷиҳати расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат кунанд.
Сироҷиддин Муҳриддин, дирӯз, 21 сентябр, ҳамчунин, зимни мулоқот бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер зарурати ҳарчи зудтар расонидани ёрии фаврии башардӯстонаро аз ҷониби ин ниҳоди байналмилалӣ ба мардуми Афғонистон, бахусус сокинони водии Панҷшер таъкид кардааст.

Ёдовар мешавем, ки кори иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ ҳар сол сешанбеи сеюми моҳи сентябр бо суханрониҳои Дабири кулли СММ, Президенти иҷлоси 76-уми СММ ва роҳбарони давлатҳои Бразилия ва ИМА ба кори худ оғоз карда, то моҳи сентябри соли оянда идома меёбад.
Дар назар аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам перомуни мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва роҳҳалҳои он ба таври онлайнӣ суханронӣ намояд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста