Дар Душанбе мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафири Ҷумҳурии Мардумии  Чин  Лю Бин бино ба  итмом расидани мӯҳлати кори мавсуф ҳамчун роҳбари намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре Раёсати иттилотти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду  кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарик стратегӣ дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, нақлиёт,  саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ дар ин давра изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта мешавад, муовини вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми  шоистаи сафир Лю Бин дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ комёбӣ ва  ба  кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.

Қобили зикр аст, ки Лю Бин аз моҳи декабри соли 2018 ба ҳайси сафири Чин дар Тоҷикистон кор мекард. То таъинот ба ин мансаб вазифаи муовини директори департаменти Аврупо ва Осиёи Марказии ВКХ Чинро ба уҳда дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.