Дар муроҷиати видеоии худ сиёсатмадори афғон Абдул Латиф Пидром гуфт, изҳороти Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест.
Ӯ зикр кардааст, ки гуфтаҳои ҷониби Тоҷикистон ба арзишҳои байнулмилалӣ ва Эъломияи ҳуқуқи башар мутобиқ аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки ҳукумати Толибон ҳоло аз ҷониби касе ба расмият шинохта нашудааст.
Пидром ҳамчунин дар бораи дахолати Покистон изҳори назар намуда, сафари роҳбари хадамоти иктишофии Покистонро ба Кобул хотиррасон кардааст ва гуфтааст, шахсони расмии Покистон ба саросари дунё сафар мекунанд, то ҷиҳати ба расмият шинохтани Толибон даст ёбанд.
“Кадом кишвар ба умури Афғонистон дахолат мекунад: давлате, ки роҳбари хадамоти иктишофии он ба Афғонистон барои идоракунӣ ва ҳамоҳангсозӣ корҳо меояд ё кишваре, ки мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ ба ҳайати ҳукумат шомил карда шаванд?”, - иброз доштааст сиёсатмадор.
Илова бар ин, Пидром гуфтааст, иродаи неки Тоҷикитсон аст, ки бо вуҷуди таъхир дар пардохт аз Афғонистон, Душанбе интиқоли барқро ба ин кишвар идома медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки қаблан муовини роҳбари ҳукумати муваққатии толибон мулло Абдул Ғанӣ Бародар ва Абдул Салом Ҳанафӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад.
Пидром дар мусоҳиба бо «Азия-Плюс» гуфта буд, агар Толибон ба такшили як ҳукумати фарогире, ки хости аксари мардуми Афғонистон аст, тан надиҳанд, муваффақ намешаванд. Таҷрибаи ҳамаи ҳукуматҳои инҳисорӣ, яктарафа ва султаталаб дар Афғонистон ноком будааст.
Мусоҳибаро ин ҷо метавонед тамошо кунед:
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста