Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр дар шаҳри Парижи Фаронса дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин чорабинӣ, ки ба 75 - умин солгарди таъсисёбии ЮНЕСКО рост омад, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва шумораи зиёди намояндагони кишварҳои аъзои СММ ширкат варзиданд.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбарияти ЮНЕСКО ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи фарҳанг ва намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон изҳори миннатдорӣ намуд.

Сарвари давлат аз амалӣ намудани лоиҳаҳое, ки дар рушди маорифу илм, ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии кишвар барои наслҳои оянда саҳми назаррас доранд, изҳори қаноатмандӣ кард.

Ӯ баргузории силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронсаро дар маркази фарҳанги аврупоӣ - шаҳри Париж рӯйдоди муҳим ва хотирмон арзёбӣ кард.

Ёдгории табиии “Боғи миллии Тоҷикистон”, шаҳри бостонии Саразм, мусиқии миллии “Шашмақом”, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии “Оши палов” ва “Чакан, санъати зардӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” намунаҳои барҷастае аз мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи тоҷик номида шуд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардидааст.

Таҷлили ҷашнҳои 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 1100-солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Сомониён, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии Саразми бостонӣ намунаи равшани ҳамкориҳо бо созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО номида шуд.

Пас аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле барномаи ҳунарии устодони санъати Тоҷикистон ва ҷавонони соҳибистеъдод баргузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.