"Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳури исломиb Афғонистон" бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Ато Муҳаммади Нур, Абдурашиди Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде шахсиятҳои сиёсии дигар эъломи мавҷудият кард.
Дар эъломияи шӯро омадаст, ки “давлат дар асари бекифоятӣ, инҳисоргарӣ ва фасоди густарда ва дар натиҷаи як муомилаи номардона ва хоинона дучори беназмӣ ва низомӣ гардида, шерозаи давлат аз ҳам пошид".
Аъзои шӯро мехоҳанд мушкилоти Афғонистон аз тариқи сиёсӣ ҳаллу фасл гардад. Аммо таъкид мекунанд, “дар сурате, ки ҷониби муқобил ва ҳомиёнашон ба чунин роҳи ҳал тан надиҳанд, мо ночор ба бахши дуввуми мубориза (фаъолиятҳои низомӣ) мутавассил хоҳем шуд”.
Ин шӯро аз мавқеи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба расмият нашинохтани Толибон истиқбол карда, аз Созмони милал ва кишварҳои ҷаҳон хостаанд, ки “ҳукумати якҷониба, истибдодӣ ва зидди ваҳдати миллии гуруҳи Толибонро ба расмият нашиносанд".
Таъкид мешавад, ки дар ҳукумати “Толибон” қавмҳо, занон, мазҳабҳо ва забонҳои расмӣ нодида гирифта шудааст ва баъзе аз аъзои кобинаи он шомили таҳримҳои СММ мебошанд.
Шӯрои олии муқовимат аз Толибон низ хостааст, то “куштори систематикӣ ва дастгиркунии фаъолони низомӣ ва амнияти ҳукумати қаблиро” қатъ кунанд.
"Ҳамчунон аз озор ва азияти мардум, кӯчҳои иҷборӣ, ғасби амлок ва амволи мардум ва хушунат алайҳи шаҳрвандони кишвар даст бардошта музокироти мустақим ва созандаро бо "Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон" оғоз намоянд",- зикр мегардад дар эъломия.
Дар охир "Шӯро" аз мардуми Афғонистон даъват кардааст, ки худро барои муқовимат омода созанд:
"Аз мардуми кишвар тақозо менамоем, ки худро барои як муқовимати душвор ва дарозмуддат дар баробари истибдоди дохилӣ ва таҷовузу ишғолгароии хориҷӣ омода кунанд".
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста