Амруллоҳ Солеҳ аллакай аз таъсиси шӯро бо Дустум хабар дод, қарор аст Аҳмад Масъуд дафтари “Ҷабҳаи муқовимат”-ро дар Душанбе боз кунад, мегӯяд сиёсатшиноси афғон Ҳушанг Сомонӣ.  

Ба андешаи ӯ, ду моҳ пас аз суқути Кобул, мухолифини сиёсӣ ва низомии “Толибон”, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, ҳанӯз натавонистаанд ихтилофҳои сиёсии худро канор бигзоранд ва як ҷабҳаи зидди Толибро бисозанд.

Ба гуфтаи ӯ, ду гурӯҳи мухолифони “Толибон” дар Душанбе ҳузур доранд: яке бозмондаҳои ҳукумати собиқи Афғонистон ба роҳбарии Амруллоҳи Солеҳ - муовини раисҷумҳури пешини Афғонистон ва дигаре Аҳмад Масъуд - фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд.

“Гунаҳкоронии аслии суқути давлати Афғонистон”

Дар мавриди гуруҳи Амруллоҳ Солеҳ сиёсатшинос менависад:

Дар ин гуруҳ мақомҳо ва вазирони фирории ҳукумати Ашраф Ғанӣ ҳастанд. Шуморе аз онҳо касонеанд, ки дар 20 соли гузашта дар нокомӣ, фасод ва билохира суқути давлати Афғонистон нақш доштанд. Касоне чун Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, Зоҳир Ағбар, Фазл Аҳмад Маънавӣ, Илм Яздёр, Мирвайс Ёр ва дигарон дар талошанд, то “ҳукумате дар табъид” ва муқовимат бар зидди “Толибон” ба роҳбари Амруллоҳи Солеҳ сурат бигирад. Аксари ин чеҳраҳо дӯстони шахсӣ, хонаводагӣ ва сиёсии Амруллоҳи Солеҳанд.

Онҳо Амруллоҳи Солеҳро сарпарасти давлати Афғонистон медонанд ва фикр мекунанд, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон давлати Амруллоҳи Солеҳро ба расмият хоҳад шинохт ва аз он ҳимояти молӣ ва сиёсӣ хоҳанд кард.

Иштибоҳи аслии гурӯҳи Амруллоҳи Солеҳ ин аст, ки онҳо намедонанд, бозии ҷаҳонӣ бар сари Афғонистон тағйир кардааст ва касоне чун Амруллоҳи Солеҳ, Атмар - вазири хориҷи пешин, Маъсум Истонкзай - намояндаи Ашраф Ғанӣ барои сулҳ ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб - мушовири пешини амнияти миллии Афғонистон дигар барои мардуми Афғонистон ва ҷаҳон қобили пазириш нестанд. Мардум онҳоро масъул ва гунаҳкори аслии суқути давлати Афғонистон медонанд ва аз онҳо нафрат доранд.

Мехоҳанд тиҷорати сиёсӣ кунанд

Вақте Амруллоҳи Солеҳ пас аз суқути Кобул ба Панҷшер фирор кард, мардуми Панҷшер аз ӯ пазироӣ накарданд, чун дили хуше аз ӯ надоштанд ва аксаран ӯро хидматгори Ғанӣ мепиндоштанд. Касоне чун Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ низ маҳбубияти мардумӣ надоранд. Муҳаммадӣ муттаҳам ба дуздии даҳҳо миллион доллар дар ҷараёни бист соли гузашта аст. Ӯ чандин кох ва қаср дар Кобул ва Дубай дорад ва дар охирин рӯзи суқути Кобул ба ҷойи дифоъ аз Кобул савори ҳавопаймо шуд ва фирор кард.

Соири чеҳраҳои гуруҳи Амруллоҳи Солеҳ чун Зоҳир Ағбар Фазл Аҳмади Маънавӣ, Мирвайси Ноб ва дигарон чеҳраҳои хушноме нестанд. Онҳо фақат маъмурони гӯш ба фармони ҳукумати Ашраф Ғанӣ буданд, ҳоло низ фақат ба пули Амруллоҳи Солеҳ чашм дӯхтаанд ва мехоҳанд бо номи муқовимат дар баробари “Толибон” як тиҷорати сиёсие роҳ андозанд ва барои ояндаи худ як ҷойгоҳ бисозанд.

Бо таваҷҷуҳ ба нафрате, ки мардуми Афғонистон аз ин гурӯҳ дорад, ин гурӯҳ зарфияти сиёсии мудирияти бӯҳрони Афғонистонро надорад. Давлати Тоҷикистон, ки дӯст ва ҳамкори тоҷикони Афғонистон аст ва аз муқовимати аввали мардуми Афғонистон дар баробари “Толибон”-ро дар миёни солҳои 1996-2001 пуштибонӣ кардааст, набояд фиреби гурӯҳи фирориёни Ашраф Ғаниро бихӯрад ва ба онҳо ҳимояти сиёсӣ ва молӣ намояд. Ҳар гуна кори сиёсӣ бо ин гурӯҳ натиҷа намедиҳад. Инҳо ҳеҷ паёми устуворе бо халқи тоҷики Афғонистон ва соири халқҳои таҳти ситами Афғонистон надоранд.

Шоистаи роҳбарии муқовимати дуввум бар зидди “Толибон”

Сиёсатшинос Аҳмад Масъудро меросдори шоистаи Аҳмадшоҳ Масъуд медонад ва бовар дорад мардуми Афғонистон аз ӯ ҳимоят хоҳанд кард.

Раҳбари гурӯҳи дуюми мухолифони “Толибон” дар Тоҷикистон Аҳмад Масъуд, фарзанди фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Аҳмад Масъуд ҳеҷ пайванди сиёсӣ ва пулӣ бо ҳукумати ғоратгари Ашраф Ғанӣ надоштааст. Ӯ дар рӯзи суқут аз Кобул баргашт, то битавонад аз зодгоҳаш -  Панҷшер дифоъ кунад.

Шикасти нерӯҳои амниятии Афғонистон боис шуд, ки ӯ дар ниҳоят ба Тоҷикистон биравад ва ба муборизаи сиёсӣ ва низомиаш дар баробари “Толибон” аз он ҷо идома бидиҳад. Тоҷикони Афғонистон ба далели муборизаҳои озодихоҳонаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар баробари “Толибон", фарзанди ӯро шоистаи роҳбарии муқовимати дуввум дар баробари ин гуруҳи террористӣ медонанд.

Аҳмад Масъуд бо хеле аз рӯшанфикрон, нависандагон ва фаъолони сиёсии ҷавони Афғонистон робита ва ҳамкорӣ дорад. Онҳо дар талошанд то манифести муқовимати Афғонистонро бинависад ва бар асоси як тарҳи тоза ва меҳанӣ, муқовимати мардуми Афғонистон дар баробари “Толибон” идома биёбад. Аҳмад Масъуд дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон низ ба унвони як роҳбари ҷавон ва боварманд ба демократия ва сулҳи минтақаи мардум мавриди  эҳтиром аст ва қарор аст ба зудӣ ба парлумони Урупо низ биравад ва дар мавриди авзои Афғонистон суханронӣ кунад. Шуморе аз роҳбарони урупоӣ ба шумули раисҷумҳури Фаронса аз талошҳои сиёсии Аҳмад Масъуд огаҳӣ дорад ва эҳтимол аз ӯ ҳимоят кунад.

Муқовимати Афғонистон дар баробари “Толибон” реша хоҳад гирифт

Мардуми Афғонистон аз роҳбарони кӯҳна, фосид ва дузд хастаанд. Халқи ситамкашидаи Афғонистон ба як роҳбари ҷавон, ки битавонад дидгоҳи тоза ва нав барои Афғонистон дошта бошад, зарурат дорад. Аҳмад Масъуд агар битавонад ҳимояти фикрӣ ва сиёсии насли ҷавони Афғонистонро ҳосил кунад, муқовимати Афғонистон дар баробари “Толибон” реша хоҳад гирифт.  Барои давлати Тоҷикистон муҳим аст, ки аз як роҳбари мардумӣ ва пойбанд ба манофеи халқҳои таҳти ситами Афғонистон ҳимояти сиёсӣ кунад.

Мардуми Афғонистон рӯзе аз ситами толибонӣ раҳоӣ хоҳанд ёфт ва чӣ нек аст, ки давлат ва халқи Тоҷикистон онҳоро дар ин муборизаи инсонӣ барои озодӣ ва мардумсолорӣ ҳимоят кунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.