Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара рӯзи 27 октябр вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдукарим Алимбоев баргузор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Исфара.

Дар вохӯрӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси ноҳияи Ботканд Учқунбек Ҷоробоев, инчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду вилоят низ ҳузур доштанд.

Сурат: хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон

“Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид ҷонибҳо дар бораи баркандани ду пули пиёдагард, ки сохтмонашон дар қаламрави деҳоти Сомониёни Тоҷикистон ва мавзеи Ӯчтеппаи Қирғизистон оғоз гардида буд, тавофуқ ҳосил карданд”, - гуфтанд дар шаҳрдории Исфара.

Ҳамчунин дар ҷараёни гуфтушунид тасмим гирифта шуд, ки дар наздикии қитъаҳои баҳсии марз корҳои сохтмон пурра  боздошта шаванд.

Ҷонибҳо инчунин қарори муштарак қабул намуданд, ки дар сурати гузаштани чорво аз сарҳад, он баргардонида мешавад.

Сурат: хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар созиш ҳосил шуд, ки дар мавриди пешгирии қочоқ тадбирҳои муштарак роҳандозӣ шаванд ва масъулияти ин кор ба хадамоти сарҳадбонии кишварҳо вогузор шуд.

Қобили зикр аст, ки баҳсҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз солҳои сиюм инҷониб идома доранд.

То ҳол аз 970 километри хати марз танҳо 519 километри он мувофиқа шуда, қитъаҳои борқимонда баҳсӣ дониста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки баҳори ҳамин сол муноқишаи сокинони маҳаллии ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ба задухӯрди мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар боис гардид.

Дар задухӯрдҳои 29 апрел байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 50 нафар ҳалок ва беш аз 300 нафар ҷароҳат бардоштаву осеб диданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.