Тоҷикистон мехоҳад аз бандарҳои Эрон, аз ҷумла Бандараббос барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратияш бо кишварҳои минтақа истифода кунад.
Ин нуктаро сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳиддӣ бо раиси вилояти Ҳурмузгони Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Дӯстӣ дар мулоқоте, ки 3-юми ноябр доштааст, матраҳ кард.
Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот роҳбарони мақомоти иқтисодиву тиҷоратии вилояти Ҳурмузгон низ ҳузур доштаанд.
“Ҷонибҳо, бо дарназардошти зарфиятҳои бузурги транзитию нақлиётии вилояти Ҳурмузгон, масъалаҳои истифодаи имконоти бандарҳои он, ба вижа Бандараббосро дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд”,-иттилоъ медиҳад Вазорати хориҷа.
Ҳурмузгон яке аз вилоятҳои муҳими ҷанубии Эрон мебошад, ки дар шимоли Тангаи Ҳурмуз воқеъ буда, яке аз қутбҳои сайёҳиву иқтисодии Эрон дониста мешавад. Шаҳри Бандараббос, ки бандари ҳамноми он дар ин шаҳр қарор дорад ва маркази вилоят мебошад, яке аз марказҳои муҳими фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа ба шумор меравад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста