Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвар реҷаи бидуни раводиди якҷониба ҷорӣ мекунад.
Бо қарори ҳукумат муҳлати будубоши ин гуна афрод дар қаламрави Тоҷикистон 30 рӯз муқаррар шудааст.
Ба Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилӣ, КДАМ Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки назорати иҷрои қарори мазкурро таъмин кунанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ ба огоҳии кишварҳои дахлдор бобати ҷорӣ гардидани реҷаи бидуни раводиди якҷониба масъул шудааст.
Айни замон Тоҷикистон бо 58 кишвари ҷаҳон реҷаи бидуни раводиди дуҷониба (ё раводид ҳангоми расидан бар марз)-ро дорад.
Сабабҳои пешниҳоди чунин имтиёзҳо ба шаҳрвандони кишварҳои ҷудогона дар қарор зикр нашудааст.
Ба гумони ғолиб, ин тадбир ба афзоиши вуруди сармоягузорӣ ва сайёҳони хориҷӣ ба кишвар равона шудааст. Гап сари он аст, ки кишварҳои дар рӯйхат зикршуда, ки шаҳрванднашон аз 1 январ бидуни раводид ба Тоҷикистон омада метавонанд, дар феҳристи 78 кишваре қарор доранд, ки ба гирифтани раводиди Тоҷикистон бо тартиби содашуда ҳуқуқ доранд. Пешниҳоди раводидро ба хориҷиён бо тартиби содашуда Вазорати корҳои хориҷӣ “болоравии ҷолибияти сармоягузорӣ ва сайёҳӣ ба ҷумҳурӣ” маънидод мекунанд.
Ҷорӣ гардидани реҷаи бе раводиди якҷониба аз 1 январ ба кишварҳои зерини ҷаҳон дахл дорад:
1. Австралия
2.Имороти Муттаҳидаи Араб
3. Люксембург
4. Давлати Бруней-Доруссалом
5. Кувейт
6. Қатар
7. Зеландияи Нав
8. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
9. Исландия
10. Канада
11. Швейтсария
12. Малайзия
13. Маҷористон (Венгрия)
14. Австрия
15. Аргентина
16. Олмон
17. Ҷумҳурии Доминикан
18. Индонезия
19. Италия
20. Ҷумҳурии Корея
21. Куба
22. Латвия
23. Литва
24. Ҷумҳурии Малдив
25. Лаҳистон (Полша)
26. Португалия
27. Сингапур
28. Туркия
29. Филиппин
30. Финландия
31. Фаронса
32. Хорватия
33. Чехия
34. Чили
35. Шри-Ланка
36. Эквадор
37. Эстония
38. Юнон
39. Лихтенштейн
40. Монако
41. Арабистони Саудӣ
42. Баҳрайн
43. Белгия
44. Дания
45. Испания
46. Нидерланд
47. Норвегия
48. Таиланд
49. Урдун
50. Шветсия
51. Ямайка
52. Ҷопон
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.