Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 8 ноябр дар роҳи сафари худ ба Париж ҷиҳати иштирок дар Иҷлоси 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО бо кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русиямулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, вазир зимни суҳбат дипломатҳоро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон табрик намуда, аҳамияти қабули онро  ба сифати як санади тақдирсози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қайд кард.

Таъкид гардид, ки маҳз Конститутсия барои бунёди давлати соҳибихтиёри демократию ҳуқуқӣ ва дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи мустаҳкамро фароҳам овард.

Муҳриддин нақши муҳими президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон, инчунин волоият ва риояи қонуни асосии давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон махсусан таъкид намуд.

Ӯ бо тазаккур аз хидматҳои арзандаи ходимони сиёсии давлат, ҳамчунин мукофоти давлатии “30 солагии Истиқлолият”-ро, ки бо фармони Президент сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сарфароз гардонида шуда буд, ба  ӯ тақдим кард.

Сурат: mfa.tj

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.