Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар баробар ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир таъин кардани духтараш Рухшона Эмомалӣ, ҳамчунин дар сохторҳои дигари давлатӣ низ, тағйироти кадрӣ анҷом дод. 

Ҳамчунин, бо фармону қарорҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Дастгоҳи раисиҷумҳур, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тағйиротсурат гирифт. 

Аз ҷумла Зарафо Қиёмзода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист озод гардида, муовини якуми ин ниҳод таъин шудааст. 

Муовини дигари директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Ҷамила Абдураҳмонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи озод шуда, ба ҷои ӯ Наимӣ Аъламхон, ки то ин дам ба ҳайси сардори Раёсати молияи дастгоҳи президент кор мекард, таъин шудааст.

Абдуҷаббор Сатторзода ҳам аз вазифаи сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони дастгоҳи президент бо сабаби гузаштан ба кори дигар озод гаридидааст. Ҳоло маълум нест ки ӯ ба кадом вазифа таъин шудааст.

Сами Давлат аз вазифаи директори осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм»-и дастгоҳи президент озод гардида, ба ҷои ӯ Камолзода Маҳмад раҳбарии ин осоишгоҳро ба уҳда гирифтааст. 

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Ҳамчунин, бо фармони президент, Ризвон Шамсудинзода аз вазифаи командири Бригадаи дуюми махсуси зудамали Гвардияи миллии Тоҷикистон озод гардида, ба ҷои ӯ Абдусалом Одиназода таъин шудааст.

Ҳамин тариқ бо фармони дигар Ризвон Шамсудинзода командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Тоҷикистон таъин шуда, дар ин мақом Исматулло Муҳибуллозодароо иваз кардааст. 

Бо ду фармони дигар, Исроил Холматзода аз мақоми сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ озод гаридда, ба ҷои ӯ Олимхон Раҳимов сардори маркази мазкур таъин шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.