Дар Қирғизистон барои бознашри маводи хабаргузории “Азия-Плюс”-и Тоҷикистон дар бораи оғози муноқиша дар сарҳади байни кишварҳо алайҳи хабаргузории kaktus.media мутобиқи моддаи 407 Кодекси ҷиноятии ин кишвар (Таблиғи ҷанг) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

“27 январи соли 2022 дар сомонаи Kaktus.media мақолае дар бораи муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаи марзӣ нашр шуд. Дар мақола маълумоти бардурӯғ оварда шудааст, ки гӯиё аввал аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон тирандозӣ шурӯъ шуда, ба ин васила Тоҷикистонро таҳрик додаанд”, - зикр мешавад дар маълумоти Прокуратураи генералии Қирғизистон, хабар медиҳад kaktus.media.

Гуфта мешавад, ҳоло муфаттишони додситонӣ ҷиҳати додани баҳои ҳуқуқӣ ба қонунӣ будани ин амалҳо кор мекунанд. Якчанд корманд рӯзи 31 январ барои бозпурсӣ даъват шуда, аз  онҳо дар бораи ифшо накардани маълумот баёнот гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки Kaktus.media рӯзи 27 январ хабари "Азия-Плюс"-ро дар бораи оғози муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бидуни таҳрифи моҳият ва мӯҳтавои иттилоъ дубора нашр кард.

Сарфи назар аз як кори маъмулии журналистикаи байналмилалӣ будани нашри ақидаи ду тарафи ҳар гуна муноқиша, ин хабар дар Қирғизистон вокуниши манфӣ ба бор овард.

Ҳарчанд хабаргузорӣ баъдан ин маълумотро хориҷ намуда, аз аҳолии Қирғизистон маъзарат хост, аммо нимаи рӯзи 28 январ мардум ба гирдиҳамоӣ баромаданд.

Тавре расонаҳои қирғиз навишта буданд, эътирозгари аслӣ Жолдошбек Сиргаков буд, ки қаблан дар гирдиҳамоиҳо алайҳи вуруди нерӯҳои СПАД ба Қазоқистон ва ҳимоят аз Болот Темиров ширкат карда буд.

Расонаҳои Қирғизистон ҳамчунин аксҳои Сиргаковро бо раисҷумҳури Қирғизистон Содир Жапаров дарёфтанд, аммо маълум нест, ки ин акс дар кадом шароит гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.