Тоҷикистон тариқи созмонҳои байнулмилалӣ кумак бо маҳсулоти хӯроквориро ба Афғонистон ба нақша гирифтааст. Дар ин бора имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Муҳриддин Сироҷиддин изҳори назар кард.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон вазорату идораҳои марбута дар ин самт чораҷӯӣ намуда, ба наздикӣ интиқоли кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон оғоз мегардад.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин зикр кард, ки мавқеи Тоҷикистон нисбати ҳукумати толибон бетағйир боқӣ мемонад.

“Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон исрор меварзад, ва “Толибон”-ро лозим аст, ки ба ин самт иқдом кунанд. Толибон бояд дар амал риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар Афғонистон нишон диҳанд”, - гуфт вазири умури хориҷаи Тоҷикистон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.