Ҳафтае пеш, Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ дар Лоҳа (Гаага) дар асоси муроҷиати 39 кишвари ҷаҳон аз оғози тафтиши эҳтимоли ҷинояти ҷангии содиркардаи Русия дар Укроин хабар дод. Додгоҳи Лоҳа  (Гаага) иддаои кунунӣ ва гузаштаро дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва наслкуширо баррасӣ хоҳад кард.

Тафтиши ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангӣ дар Укроин пас аз он оғоз шуд, ки артиши Русия дар тирборон кардани мардуми осоишта муттаҳам шуд ва Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин Русияро дар ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам кард.

Дар ҳоле, ки додгоҳи Гаага тафтиши эҳтимоли ҷинояти ҷангии Русия бар муқобили Укроинро баррасӣ дорад, мо аз мутахассиси риштаи ҳуқуқи байналмилаӣ, ҳуқуқшиноси тоҷик, Фаридун Сайидзода, ки дар Додгоҳи байналмилалии Гаага кор мекунад, пурсидем ки ин баррасӣ чӣ гуна сурат мегирад ва чӣ мароҳилеро дар пеши рӯ дорад.

Бояд гуфт, ки Русия Муоҳидаи Женеваро тасвиб карда буд, ки тибқи қонунҳои байналмилалӣ ҷиноятҳои ҷангиро муайян мекунад. Аммо дар соли 2016, ин кишвар пас аз ишғол эътироф шудани Қрим аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хориҷ шуд.


Фаридун Сайидзода:

Бале, дар воқеъ чанд рӯз пеш Додситони Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ (дар идома ДБҶ) эълон кард, ки Дафтардории он ба таҳқиқи фаъолонаву зудҳангоми вазъ дар Укроин аз 21-уми ноябри соли 2013 ба баъд мепардозад ва ин ҳамаи шикоятҳо дар баори  ҳама ҷиноятҳои низомии гузашта ва имрӯз, ҷиноятҳои алайҳи башарият ва наслкушӣ (генотсид)-ро дар ҳар гӯшае аз Укроин, ки аз сӯйи ҳар шахси содир шудааст, дар бар мегирад.

Вале ба хотири он ки ин вазъ батафсил баррасӣ шавад, фикр мекунам пеш аз ҳама зарур аст, ки масъалаи салоҳияти қазоӣ (юрисдиктсия)-и ДБҶ-ро дар ин масъала ва дар идома раванди таҳқиқоти пешакӣ ва ниҳоятан раванди сабти номи таҳқиқро шарҳ диҳам.

Салоҳияти қазоӣ

Укроин давлти узви Асосномаи Рум нест, аз ин рӯ худ наметавонад вазъиятро ба Дафтардории Додситони ДБҶ бикашонад, муроҷиат кунад. Аммо, Укроин ду бор аз ҳуқуқи вижаи худ истифода кард, то салоҳияти қазоии ДБҶ дар баробари ҷиноятҳои эҳтимолие, ки дар қаламрави он рух медиҳанд, бар асоси моддаи 12 (3) Асосномаи Рум, аз лиҳози ҳуқуқӣ эътироф кунад.

Чунин як шикоятро ҳукумати Укроин 17-уми апрели соли 2014 ва шикояти дувумро 8 сентябри соли 2015 карда буд. Ба ҳамин тартиб, ДБҶ метавонад салоҳияти қазоии худро дар баробари ҷиноятҳое, ки Асосномаи Рум пешбинӣ мекунад ва дар ҳудуди Укроин аз 21 ноябри соли 2013 ба ин сӯ  содир шудаанд, татбиқ кунад.

Таҳқиқоти пешакӣ

25 апрели соли 2014 Додситони ДБҶ таҳқиқоти пешакиро бар асоси муроҷиатҳои шуда аз рӯйи моддаи 15 Асосномаи Рум дар мавриди вазъ дар Укроин оғоз кард, ки дар ибтидо ба ҷиноятҳои алайҳи башарият дар бофтори эътирозҳо дар "Майдон", ки  дар Киев ва вилоятҳои дигари Укроин аз 21-уми ноябри соли 2013 то 22-юми феврали 2014 рух дода буданд, мутамарказ карда буд.

Аммо пас аз шикояти дувуми ҳукумати Укроин Дафтардории Додситони ДБҶ тасмим гирифт, ки чаҳорчӯби муваққатии таҳқиқоти пешакиии мавҷудро васеъ кунад ва ба он ҳама гунаи ҷиноятҳои эҳтимолии рухдода дао ҳудуди Укроин аз 20-уми феврали соли 2014 ба баъдро ворид кунад.

Бо дар назар гирифтани  паҳншавии низоъ дар рӯзҳои ахир, Дафтардории ДБҶ тасмим гирифт, ки таҳқиқот ҳамчунин ҳама ҷиноятҳои эҳтимолиеро, ки таҳти салоҳияти қазоиии ДБҶ қарор мегиранд ва аз сӯйи ҳар ду тарафи низоъ содир дар ҳар қисмате аз Укроин содир шудаанд, фаро мегирад.


Сабти номи таҳқиқот

Вақте ки тафтишот аз ҷониби Додситони ДБҶ оғоз мешавад, қадами навбатӣ одатан идома додани раванди дархост ва гирифтани иҷозат аз Палатаи пешакии истеҳсолоти Додгоҳӣ барои оғози таҳқиқот мебошад.  Дар бораи чунин иқдом Дафтардории Додситони ДБҶ аллакай Раёсати Додгоҳро хабардор мекунад, аммо то 2 марти соли 2022 то кунун дархости расмӣ аз Дафтардорӣ ба Раёсат нашудааст.  Вале дар худии худ ин раванд бисёр тӯлонӣ аст.

Аммо роҳи дигари алтернотивӣ вуҷуд дорад, ки моддаи 14 Асосномаи Рум пешбинӣ мекунад, ки ин имкон медиҳад  баррасии парвандаро битезонад. Аммо ин дар сурате, ки яке аз давлатҳои узви Асосномаи Рум вазъро ба Дафтардории Додситони ДБҶ бикашонад, яъне шикоят кунад. Ин ба Додситон имкон медиҳад, ки ба таҳқиқи фаврӣ ва фаъолона бипардозад. Чизе, ки Додситони ДБҶ бо муроҷиаташ ба ҳама давлатҳои узви Асосномаи Рум дар паёми рӯзи 28-уми феврали имсолаш усулан истифода кард.

Аллакай 2 марти соли ҷорӣ Додситони ДБҶ таъйид кард, ки Дафтардорӣ шикоят аз вазъ дар Укроинро аз 39 кишвари узв, аз ҷумла  Астрия, Белгия, Канада, Фаронса, Гурҷистон, Олмон,Итолиё, Лаҳистон, Испониё, Швейтсария Бритониёи Кабир ва кишварҳои дигар дарёфт кардааст.

Дар ҳоли ҳозир кор бар сари ҷамъоварии далелҳо аз ҷониби Дафтардории Додситон ва Раёсати Додгоҳ ба Палатаи дувум барои баррасии пешакӣ ва бозбинии дархост идома дорад.

Ҳар вақт, ки Додситон дархости худро расман пешниҳод кард, додрасҳои Палати дувуми баррасии пешакӣ бояд тасмим бигиранд, ки Додситонро барои оғози тақиқи вазъ муваззаф мекунанд ё не.

Додрасҳо бояд масъалаи вуҷуди асосҳои мантиқӣ барои баргузории таҳқиқоти пас аз  омӯзиши дархости Додситон ва маводи собиткунандаро, баррасӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.