Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Бритониёни Кабир ва Иралндияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ баМаликаи Бритониё Елизаветаи II эътимоднома супурд. Маросими супурдани эътимоднома ба таври маҷозӣ сурат гирифт.
Рухшонаи Эмомалӣ духтари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нухустин сафири зан дар таърихи дипломатияи Тоҷикистон аст.
Маросими супурдани эътимоднома ба таври маҷозӣ сурат гирифтааст ва дар аксҳое, ки нашр шудааст, дида мешавад, сафири Тоҷикистонро ҳамсараш Шамсулло Соҳибов, тоҷири маъруф ва молики ширкати пурсарусадои "Фароз" низ ҳамроҳӣ мекунад.
Бар асоси муқаррароти даврони ҳамагириии Бритониё, маликаи 95-солаи ин кишвар, Елизаветаи II, дар қароргоҳи худ дар Қасри Виндзор ин маросимро тавассути видео дид. Вай дар охири моҳи феврали имсол ба коронавирус мубтало шудааст.
Маросими супурдани эътимоднома рӯзи 15-уми март сурат гирифтааст. Дар ин бораи саҳфаи Twitterи Маликаи Бритониё хабар додааст.
🖥️ Today The Queen held virtual Audiences with incoming Ambassadors via video link from Windsor Castle to Buckingham Palace.
— The Royal Family (@RoyalFamily) March 15, 2022
🌎 There are more than 170 Ambassadors and High Commissions based in London. Each have an Audience of The Queen shortly after taking up their role. pic.twitter.com/6BiV2HEfsy
Рухшона Эмомалӣ бо фармони падараш Эмомалӣ раҳмон 15-уми декабрия 2021 сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ таъин шуда буд. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Масуда Халифазода омад.
Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз ҳафт духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи кор дар мақомоти корҳои хориҷии кишварро дошт ва номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат зикр шуда буд.
Гуфта мешавад, ки Рухшона Эмомалӣ ҳамсари Шамсулло Соҳибов, молики ширкати маъруфи "Фароз" аст. Қаблан Рухшона дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият дошт. Дар Лондон Рухшона ҳамроҳи ҳамсараш Шамсулло Соҳибов, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британия зиндагӣ дошт.
Соли 2017 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз рӯнамоии китоби "Асосҳои хизмати дипломатӣ" хабар дода буд, ки муаллифи он Рухшона Эмомалӣ буд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар қаблан, духтари дигари Эмомалӣ Раҳмон, раиси кунунии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур - Озода Раҳмон, низ кор мекард. Ӯ дар ин вазорат ба унвони сардори сарраёсати консулӣ, муовин ва муовини аввали вазир кор мекард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста