Олмон 40 корманди намояндагии дипломатии Русияро "персона нон грата" эълом кард. Ин афрод бояд ҳудуди Олмонро тарк кунанд. Анналена Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон дар шарҳи ин тасмим гуфта, ки дипломатҳо "ҳамарӯза зидди озодии баён ва зидди муттаҳидии ҷомеа кор мекарданд".

Бербок ҳамзамон илова кард, аксҳои кушташудаҳо дар кӯчаҳои шаҳри Бучаи наздикии Киеви Украина аз зулми боварнакардании роҳбарияти Русия нисбати украиниҳо шаҳодат медиҳанд.

Вазири хориҷии Олмон ваъдаи таҳримҳои бештар нисбати Москва ва афзоиши ҳимоят аз артиши Украинаро кард.

Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки ихроҷи 40 дипломати рус аз Олмон бе посух нахоҳад монд. Дар Олмон дар маҷмуъ 104 дипломати Русия фаъолият мекунад.

Мақомоти Фаронса ҳам тасмим гирифтанд, ки қисме аз дипломатҳои Русияро ихроҷ кунанд. Ба иттилои расонаҳо, 30 дипломати рус бояд Фаронсаро тарк кунанд. Порис бар ин назар аст, ки фаъолияти русиягиҳо ба манфиати амниятии Фаронса хатар дорад. Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ба Порис ҳам посух медиҳад.

Рӯзи 4 апрел Литва ҳам тасмим гирифта буд, ки муносибатҳои дипломатиро бо Русия кам кунад. Вилнюс сафири худро аз Москва бозхонд кард ва ба сафири Русия низ дастур дод, ки Литваро тарк кунад.

Русия рафтори Литваро душманона номид. Латвия ҳам баъди Литва эълом кард, ки муносибатҳои дипломатиро бо Русия кам мекунад.

Шоми 2 апрел расонаҳо аз пайдо шудани ҷасади сокинон дар кӯчаҳои Бучаи Украина хабар доданд. Ин шаҳр бештар аз 1 моҳ таҳти ишғоли неруҳои Русия буд. Неруҳои Украина баъди ақибнишинии артиши Русия шаҳрро бозпас гирифт. Баъди ақибнишинии русҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шуд, ки дар онҳо дида мешавад, кӯчаҳои Буча пур аз ҷасади сокинони осоишта аст.

Мақомоти Украина гуфтанд, артиши Русия сокинони осоиштаро куштааст.

Вазорати мудофиаи Русия ин айбро рад мекунад. Дар изҳороти вазорати мудофиаи Русия омадааст, ки ҳамаи аксҳову наворҳо иғвогарона буда, "аз сӯи режими Киев ва расонаҳои ғарбӣ сохтакорӣ шудаанд".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.