Имрӯз, 8 апрел байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

“Тули ин се даҳсолаи сипаришуда кишварҳои мо дар роҳи рушду таҳкими муносибатҳои дӯстии наздик ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчӯби шарикии стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд”, - баён мегардад дар барқия табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Владимир Путин.

Гуфта мешавад, Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон аст. Изҳори итминон мешавад, ки рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу амонӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

“Мо пайваста ба пешбурди минбаъдаи босамари тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатиамон, ки дар оянда низ дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос хоҳанд дошт, манфиатдорем. Умед дорам, ки мо аз ин пас ҳам ҷиҳати таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба манфиати мардумонамон талошҳои муштараки ҳамаҷониба анҷом хоҳем дод”, - таъкид мешавад дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар барқияи табрикии Владимир Путин ба унвони Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад, ки тӯли даҳсолаҳои сипаришуда муяссар шуд, ки робитаҳои байни Русия ва Тоҷикистон ба сатҳи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ расанд.

Муколамаи пурмазмуни сиёсӣ, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Москва ва Душанбе дар самти муқовимат ба терроризм ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ ҳамкориҳои созанда ба роҳ монда, талошҳои худро дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ, СММ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг менамоянд”, - омадааст дар барқияи табрикии Владимир Путин.

Президенти Русия ҳамчунин изҳори итминон кардааст, ки “тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони бо ҳам дӯсти кишварҳо буда, дар маҷрои таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ қарор дорад”.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия 8 апрели 1992 барқарор шудаанд. Россия яке аз аввалинҳо шуда  Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эътироф намуд. Заминаи рушди равобити давлатҳоро дар шароити рушди мустақилона Протокол оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар аз  8 апрели 1992 ташкил медиҳад.

4 майи 1992 дар Душанбе Сафорати Федератсияи Россия ифтитоҳ гардид. 8 июни 1993 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил шуда, 18 декабри 1993 дар асоси ин Намояндагӣ Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ифтитоҳ шуд.

Айни замон, дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск Консулгариҳои генералии  Тоҷикистон фаъолият доранд. Дар шаҳри Хуҷанд Консулгарии генералии Россия фаъолият мекунад.

Аз соли 1992 то 2020 байни Тоҷикистону Россия беш аз 290 созишномаи байнидавлатӣ, байнимақомотӣ ва байниҳукуматие, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангӣ-техникӣ ва дигар самтҳо ба танзим медароранд, ба имзо расонида шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Русия 1,352 млрд долларро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.