Имрӯз вохӯрии панҷуми вазирони корҳои хориҷии Русия ва панҷ давлати минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) тариқи видеоконфронс доир мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар ин мулоқт вазирони корҳои хориҷии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот вазирон масоили таъмини амнияту субот дар минтақа ва муқовимат бо таҳдидҳои терроризму ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

“Атрофи вазъи ҷорӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя табодули назар сурат мегирад”, - гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр шуд, ки ба дурнамои густариши чаҳорчӯби “шашгона” ба соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобила бо шумули нақлиёту энергетика, вазъи мусоиди беҳдоштиву эпидемиологӣ ва амнияти миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.