Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли тозатаъини Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Чжан Мин масъалаи пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди ташкили Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро баррасӣ кардаанд. Ин мулоқот рӯзи 23-юми май да Душанбе сурат гирифт.
Тоҷикистон мехоҳад ин Маркази СҲШ дар Душанбе таъсис шавад.
Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2019 дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек пешниҳод карда буд, ки дар доираи СҲШ созмони алоҳидае барои мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир таъсис дода шавад.
Он замон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов гуфта буд, ки дар ростои андешидани тадбирҳои зарурӣ дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддир, сарони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия шавад.
Аммо Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ҷузъиёти дигари масъалаи таъсиси ин Марказ маълумоти дигаре аз мулоқот бо Дабири тозатаъини СҲШ ироа накардааст.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо Чжан Мин иҷроӣ шудани амалии Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, Декларатсияи Душанбегии 20-солагӣ ва Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро ба баррасӣ гирифтаанд.
Масоили амнияти минтақавӣ, ҳамкории муштарак дар муқовимат ба терроризм, экстремизм, таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи самараноки иқтидори транзитии давлатҳои аъзои СҲШ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ бахшҳои дигаре будааст, ки дар ин дидор муҳокима шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста