Вакилони парлумони Тоҷикистон ба ду қонуни барҳол (амалкунанда) иловаҳо ворид карданд, ки дар асоси он акнун ҳукумати кишвар дар таъсиси ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд (ҶДММ) саҳм мегирад. Яъне ҳукумат ҳақ пайдо кард, дар якҷоягӣ бо соҳибкорон корхонаҳо таъсис диҳад.
Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон ба ду қонун – дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд иловаҳо ворид гардид.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар ҳузури вакилон ворид гардидани иловаҳоро ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқии таъсиси ҷамъиятҳои саҳомиву ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд бо шарикии ҳукумат маънидод кард.
Ӯ гуфт, дар гузашта чунин тартиб дар қонунгузорӣ набуд ва мақомоти давлатӣ ҳақ надоштанд, ки муассиси ҷамъияти саҳҳомӣ ва ё ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд бошанд.
Вале афзуд, дар таҷриба зарурати таъсиси чунин ҷамъият бо иштироки ҳукумат ҷой дорад ва тибқи муқарароти нав минбаъд, ҳукумати Тоҷикистон метавонад ба сифати муасиси ҷамъиятҳои саҳомӣ ва шарики ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд баромад намояд.
Музаффар Ашуриён дар поёни ҷаласаи парлумон дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ҳадафи иловаҳо шарики ҷамъияти саҳомӣ ва "ҶДММ"-ҳо гардидани давлат аст.
- Вақте корхонаи давлатӣ ба ҷамъият табдил меёбад, ҳукумат саҳми худро дорад. Масалан, саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе” аз давлатанд, касе дигар дар он саҳмдор нест. Ҳамонро мо дар қонун ҷой кардем, ки давлат метавонад шарик бошад. Яъне дар ҷамъият, ки саҳм дорад, дар қонун пешбинӣ кардем. Ин ба ҷамъиятҳои саҳомии хусусӣ дахл надорад. Ин ба ҷамъиятҳое дахл дорад, ки саҳмияҳои асосиро давлат дорад, - афзуд вазири адлия.
Ин мақомдори тоҷик гуфт, дар гузашта вақте бархе моликияти давлатиро ҷамъиятӣ карданд, қонунгузорӣ ин муқараротро пешбинӣ накарда буд.
Ӯ гуфт, то ҳол дар кишвар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуде нест, ки бо шарикии давлат таъсис шуда бошад ва дар оянда агар давлат хоҳад, дар таъсиси ягон ҶДММ ширкат мекунад ва ё дар якҷоягӣ бо соҳибкор лоиҳаеро роҳандозӣ менамояд.
- Давлат худаш мехоҳад, ки моликияти давлтиро ҷамъиятӣ кунад ва дигарон низ иштирок кунанд. Дар ин ҳолат 51 дарсади саҳмияҳо дар давлат мемонад. Ин қонун дар тамоми давлат ҳаст. Ҳаминро мо низ дар қонун нишон додем. Ин чизе нест, ки бояд боиси ташвиши мардум шавад. Инҷо ягон эҷоди монеа барои соҳибкорон нест, баръакс, ҷамъиятҳое ки якҷоя ҳастанд, ба манфиат аст, - хулоса кард Ашуриён.
Ҳукумат ҳақ пайдо кард, ки болои саҳмияи соҳибкорон назорат кунад
Фозил Обидзода, вакили парлумон, ки аз вакилон хост иловаҳо ба қонунҳоро ҷонибдорӣ кунанд, дар суҳбат бо мо гуфт, дар гузашта давлат болои саҳмияҳои давлатӣ, мисли саҳмияҳои НБО “Роғун” назорат мекард ва акнун онҳо пешниҳод карданд, ки болои соҳибкорону шахсоне, ки саҳмия доранд, ҳукумат ҳаққи назорат пайдо кунаду дар сурати зарурат саҳм дошта бошад.
- Дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуде, ки ҳукумат ҳеҷ саҳм надорад, метавонад, дар вақти талафот ё қарори додгоҳ ширкат ва аз онҳо дифоъ кунад. Масалан имрӯз бархе бонкҳои Тоҷикистон муфлис шудаанд (“Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-дар назар аст, муаллиф), муштариён наметавонанд, ки маблағҳояшонро баргардонанд, агар ба ҳукумат ариза нависанд, ҳукумат қарори алоҳида мебарорад ва бонкҳоро дастгирӣ мекунад, -афзуд Обидзода.
Номбурда ҳадафи ворид намудани иловаҳоро ба ду қонуни амалкунанда, ширкати соҳибкорон ва шаҳрвандон дар сохтмонҳои аҳамияти давлатидошта унвон кард ва гуфт, агар дар чунин сахтмонҳо худи ҳукумат саҳмия дошта бошад, боварии аҳолӣ ба амалишавии он бештар мешавад.
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста