Президенти Тоҷикистон дар мулоқоти навбатии чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки  дар Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон зимни сӯҳбати телефонии сарони кишварҳои Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев хабар додааст.

"Зимнан зикр гардид, ки аллакай ҳамаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати ширкат дар ин нишастро пазируфтаанд", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки Садир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ва рӯзномаи ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Баргузории нишасти навбатии сарони кишварҳои минтақа рӯзи 21 июл дар шаҳри Чолпон-Ато ба нақша гирифта шудааст.

Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (расман - Мулоқоти машваратии сарони кишварҳо) - вохӯрии ҳамасолаи сарони кишвари минтақа - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Ташаббуси баргузории вохӯриҳои машваратӣ аз ҷониби Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 дар иҷлосияи 72-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк пешниҳод гардида буд.

Маъмулан нишаст бонавбат дар яке аз ин панҷ кишварҳо доир мегардад.

Нишасти аввал баҳори соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон, вохӯрии дуюм - тирамоҳи соли 2019 дар Тошканд доир гардида, мулоқоти сеюм соли 2020 бояд дар Бишкек баргузор мешуд, лекин бар асари пандемияи коронавирус ба таъхир афтод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.