Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои Эрон ба раиси ин кишвар Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
“Хабари талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид”, - зикр мешавад дар барқияи изҳори тасаллӣ.
Дар барқия ба сарвари ин давлат ва мардуми дӯсти Эрон, аҳли пайвандону наздикони қурбониён ҳамдардӣ ва тасаллиёт изҳор шуда, аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоста шудааст.
Тибқи маълумоти ахир, бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовари тайи чанд рӯзи ахир дар Эрон, дастикам 90 нафар ҳалок шуданд. Ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар ин бора рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта хабаргузории Tasnim бо истинод ба табибон хабар додааст.
Гуфта мешавад, боз 8 нафари дигар бедаракшуда дониста мешаванд.
Охири моҳи июл Эронро обхезиҳои бузургмиқёс фаро гирифтанд. Тақрибан дар 2/3 ҳиссаи тамоми музофотҳои кишвар (24 аз 31) обхезӣ мушоҳида шуд. Дар миёни минтақаҳои аз ҳама бештар осебдида Теҳрон аст. Бахтиёр, Исфаҳон, Язд, Луристон, Мозандарон ва Чаҳормаҳал низ аз офати табиӣ осеб диданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста