Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад, ки ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши амният ва пешбурди озодиҳои бунёдӣ тақвият бахшад. Дар ин бора дар изҳороти табрикии котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба муносибати 31-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон изҳори назар шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи намояндагии дипломатии ИМА, дар изҳорот зикр мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон як шарики қавии мубтанӣ бар ҳадафҳои муштарак, робитаҳои мухталифи фарҳангӣ ва мардумӣ, уҳдадориҳои мубориза бо таҳдидоти террористӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ва саросари ҷаҳон бунёд кардаанд.
“Мо ба тақвияти ҳамкориҳо дар бахши амният ва пешбурди озодиҳои бунёдӣ умедвор ҳастем, зеро ин асоси ҷомеаи босабот ва шукуфон аст”, - омадааст дар изҳороти Энтони Блинкен.
Котиби давлатии ИМА изҳори итминон кардааст, ки робитаҳои минтақаии мо дар чорчуби C5 + 1 танҳо бо мушорикат дар талошҳо барои муқобила бо тағйироти иқлимӣ, расидагӣ ба масъалаҳои ҳуқуқи башар ва шиносоии имкониятҳои тиҷоративу сармоягузорӣ тақвият хоҳад ёфт.
“Сарфи назар аз он ки ҳар ду кишвари мо дар соли гузашта ба далели тағироти ҷаҳонӣ бо мушкилот рӯбарӯ шуданд, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба суботу шукуфоии Тоҷикистон содиқ аст”, - илова шудааст дар фарҷоми изҳорот.
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста