Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро созмони террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави ин кишвар манъ кард.

Дар ин бора хабаргузории «Известия» имрӯз, 14-уми сентябр, хабар дод.

Гуфта мешавад мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан додситони кулли Русия бо талаби террористӣ эътироф шудани ҲНИТ ба додгоҳ муроҷиат кард. Дар ин бора, прокурори генералии Русия Игор Краснов зимни сафари хеш ба Тоҷикистон иттилоъ дод буд.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ташкилот соли 2015, пас аз кудетои нокоми муовини вазири дифои кишвар, генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ки солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар сафи ИНОТ ҷангида буд, манъ карда шуд. Гуфта мешуд, ки генерали вазорати дифоъ, ки тариқи квотаи 30-фоиза соҳиби мансаб шуда буд, бо маблағгузорӣ  ва тарҳрезии ҲНИТ ба кудето даст зад.

Соли 2017 ин ҳизб ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии СҲШ шомил карда шуд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед