Тоҷикистон номзадии худро ба сифати узви ғайридоимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ кард. Дар ин бора зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои Умумии иҷлоси 77-умии Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳори назар кард.

“Тоҷикистон бори аввал номзадии худро ба узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ пешниҳод намуда, умедвор аст, ки дар соли 2028 ба ин мақом соҳиб мешавад”, - изҳор дошт Муҳриддин.

Ба гуфтаи ӯ, давлатҳои хурд барои саҳм гузоштан ба дастгирии сулҳу амният бояд имкони бештар дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол, дипломат саҳми чандинсола ва иштироки ҷумҳурӣ дар фаъолияти СММ, инчунин аз таҷрибаи нодири сулҳофарӣ бархӯрдор будани Тоҷикистонро зикр кард.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳори умедворӣ кард, ки ташаббус аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви Созмон дастгирӣ мешавад.

Русия, Чин, Британияи Кабир, ИМА ва Фаронса узви доимии Шӯрои амнияти СММ мебошанд. Ба сафи кишварҳои ғайридоимӣ, ки ба муҳлати ду сол интихоб мешаванд, даҳ кишвар - Албания, Бразилия,  Габон, Гана, Ҳиндустон, Ирландия, Кения, Мексика, Норвегия ва Амороти Муттаҳидаи Араб шомиланд.

Давлате, ки узви СММ буда, лекин узви Шӯрои амнияти Созмон нест, метавонад дар мубоҳисаҳое, ки Шӯрои амният ба манфиатҳои он дахл доштани масоилро дуруст медонад, бидуни ҳаққи овоз иштирок кунад.

Ҳам кишварҳои узви СММ ва ҳам давлатҳое, ки субъекти он шуморида намешаванд, агар тарафи баҳси аз ҷониби Шӯрои баррасимешуда бошанд,  бидуни ҳаққи овоз ба иштирок дар мубоҳисаҳои Шӯро даъват шуда метавонанд.

Қобили зикр аст, ки 50 давлати узви Созмон ҳеҷ гоҳ узви Шӯро набуданд.

Тоҷикистон 2 марти соли 1992 ҳамчун кишвари нави соҳибистиқлол ба узвияти СММ пазируфта шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.