Имрӯз, 29 сентябр, дар Тоҷикистон Рӯзи дипломат таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1993 президент Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ суханронӣ кард.

Дипломатияи Тоҷикистон таърихи қариб 80-сола дошта, аз давраи шӯравӣ оғоз мегардад. 1-уми феврали соли 1944 Комиссариати халқии корҳои хориҷии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Имрӯз Тоҷикистон бо беш аз 181 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ намуда, дар 29 давлати саросари дунё намояндагиҳои худро дорад.

Дипломатияи тоҷик дар солҳои Шӯравӣ

Комиссариати халқии умури хориҷии Тоҷикистон 1-уми феврали соли 1944, замоне ки Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар бораи ба ҷумҳурияҳои иттифоқ додани ҳуқуқ дар соҳаи муносибатҳои хориҷӣ қонун қабул кард, таъсис дода шуд.

Аввалин комиссари халқии умури хориҷии ҶШС Тоҷикистон Алӣ Аҳмедов, мутахассиси соҳаи обёрӣ буд. Ӯ соли 1911 дар оилаи мӯзадӯз  дар Хуҷанд ба дунё омадааст. То таъйин шудан ба вазифаи аввалин дипломати ҷумҳурӣ Аҳмедов ба ҳайси комиссари халқии хоҷагии оби ҷумҳурӣ ифои вазифа мекард. Мавсуф муддати ду сол ба комиссариати халқии умури хориҷӣ дар кишвар роҳбарӣ кард.

Алӣ Аҳмедов

Пас аз тарки мансаб корро дар хоҷагии халқ ба сифати мушовири шоҳи Афғонистон - Зоҳиршоҳ оид ба масоили обёрӣ идома дод. Забонҳои англисӣ ва арабиро хуб медонист.

Алӣ Аҳмедов 11 феврали соли 1971 дар Душанбе аз олам даргузашт.

Дар давраи аз соли 1946 то соли 1989 раҳбарии Вазорати корҳои хориҷиро ҳамзамон раисони Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов, Турсун Ӯлҷабоев, Назаршо Додхудоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Раҳмон Набиев, инчунин, муовинони раиси Шӯрои Олӣ Рустамбек Юсуфбеков ва Усмон Усмонов бар дӯш доштанд.

Имрӯзи Вазорати корҳои хориҷӣ

Айни замон Тоҷикистон бо 181 кишвари саросари дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад.

Сол то сол шумори намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар зиёд мешавад. Тоҷикистон дар 29 давлат сафоратҳои худро боз намуда, ҳоло дар СММ намояндагӣ дорад. Ҳамчунин, дар давлатҳои хириҷӣ боз 9 муассисаи консулии Тоҷикистон фаъолият мекунанд. 

Бо баъзе кишварҳо реҷаи равуои мутақобилаи бе раводид (виза) роҳандозӣ шудааст, ки мувофиқи он аз шаҳрвандон барои вуруд ба қаламрави мо доштани раводид талаб намешавад ва барои шаҳрвандони мо низ зимни сафар ба ин кишвар раводид гирифтан зарур нест (маълумоти муфассал дар бораи низоми раводид бо кишварҳои дигар дар сомонаи ВКХ интишор шудааст). 

Ба гунаи мисол, ба сафи чунин кишварҳо Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Майлайзия, Молдова, Русия, Туркия, Ӯзбекистон, Украина ва як қатор давлатҳои дигар шомиланд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол

Лақим Қаюмов Аз 7-уми ноябри соли 1989 то 10-уми январи соли 1992 аввал дар вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан вазири робитаҳои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ӯ соли 1933 дар деҳаи Рӯмони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Лақим Қаюмов

Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (1955), Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ (1966) ва Мактаби олии дипломатии Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС-ро (1970) хатм кардааст.

Дар маросими қабули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати СММ маҳз ӯ давлати навтаъсиси тоҷиконро муаррифӣ намуд. Баъдтар ба ҳайси аввалин Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ тағйир шуда, то соли 1995 дар ин симмат кор кард.

Соли 1998 аз олам даргузашт.

Худобердӣ Холиқназаров, дуюмин вазири робитаҳои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдтар вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки аз 11-уми майи соли 1992 то моҳи ноябри соли 1992 дар ин вазифа кор кардааст.

Худобердӣ Холиқназаров

Худобердӣ Холиқназаров 14-уми июни соли 1951 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд шудааст.

Шӯъбаи форсии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1975). Номзади илмҳои таърих мебошад (1987).

Ӯ ба ҳайси тарҷумон дар Эрон ва Афғонистон низ фаъолият намудааст.

Баъдтар ӯ дар вазифаҳои вазири меҳнат, мушовири президент, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло роҳбари Маркази омӯзиши Осиёи Маркази ва Чин дар Тоҷикистон мебошад.

Рашид Олимов аз 2-юми декабри соли 1992 то 27-уми декабри соли 1994 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ намудааст. Ӯ 23-юми июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Рашид Олимов

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1975) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ - ро (1990) хатм кардааст.

Рашид Олимов аз соли 1994 то 2005 ба ҳайси Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ адои хидмат кардааст. Солҳои 2005 то 2015 ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой фаъолият карда, солҳои 2016-2018 дар мақоми котиби генералии СҲШ фаъолият намудааст.

Талбак Назаров аз соли 1994 то 2006 дар вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ 15-уми марти соли 1938 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Талбак Назаров

Соли 1956 Техникуми молиявию кредитии шаҳри Сталинобод, соли 1960 Донишкадаи молиявию иқтисодии Ленинград, соли 1965 аспирантураи донишкадаи номбурдаро хатм кардааст. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи байналмилалии мактаби олӣ мебошад.

Дорандаи унвони Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Қабл аз таъйин шудан ба вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар симмати роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон низ фаъолият кардааст.

Пас аз ба нафақа баромадан, аз соли 2007 директори Фонди ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон мебошад.

Талбак Назаров соли 1996 роҳбари ҳайати музокироти ҳукумати Тоҷикистон бо нерӯҳои мухолифин таъйин шуд ва ин ҳайат барои имзои Созишномаи сулҳу ризоияти милли дар соли 1997 заминаро муҳайё намуд.

Ҳамрохон Зарифӣ аз соли 2006 то 2013 роҳбарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошт. Ӯ 25-уми декабри соли 1948 дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1971 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси «математика ва физика» хатм намудааст. Номзади илмҳои сиёсӣ мебошад.

Ҳамрохон Зарифӣ

Аз соли 1974 то 1993 дар сохтори амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корманди қаторӣ то муовини раиси КДАМ фаъолият намудааст.

Аз соли 1993 фаъолияти дипламатиро ба ҳайси сардори Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардааст.

Ҳамрохон Зарифӣ солҳои 1995 - 1996 дар вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, аз соли 1996 то 2006 дар симати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, Конфедератсияи Швейтсария, Ҷумҳурии Маҷористон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка кор кардааст.

Пас аз озод шудан аз вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2015 то соли 2018 ба ҳайси  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония фаъолият намудааст.

Сироҷиддин Муҳриддин 29 –уми ноябри соли 2013 ба вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Сироҷиддин Муҳриддин

Ӯ 17 феврали соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад.

Хатмкардаи Донишкадаи гидрометеорологии шаҳри Одессаи Украина мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1986 ба ҳайси муҳандис ва баъдтар сармуҳандис-агрометерологи Маркази гидрометеоро - логияи Сарраёсати обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон оғоз карда, соли 1996 ба фаъолияти дипломатӣ мепардозад ва ҳамчун намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳавзаи баҳри Арал таъйин мешавад.

Солҳои 1997-2002 - намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал буд ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Тошкандро хатм кард.

Ба ВКХ соли 2004 ба ҳайси муовини аввали вазир омад ва то соли 2005 дар ин вазифа фаъолият намуд. Ҳамзамон, ӯ ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай буд.

Солҳои 2005-2013 ҳамчун намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид кор кардааст. Дар баробари ин, ӯ солҳои 2011-2013  вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Кубаро низ ба зимма дошт.

Ҳайати гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳамаи димломатҳои тоҷикро бо ҷашни касбиашон табрик карда, ба онҳо саломатии бардавом ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.