Ваколати Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон ба охир расидааст ва ӯ ба ин муносибат бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки вохӯрӣ, имрӯз, 28-уми ноябри соли 2022 сурат гирифтааст ва дар он “ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд”.
Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҷон Марк Поммершайм барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори миннатдорӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки Ҷон Марк Поммершайм 18-уми сентябри соли 2018 аз сӯи Доналд Трамп президенти вақти ИМА сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин гардида буд. Ӯ 22-юми феврали соли 2019 савганд ёд кард ва 11-уми марти соли 2019 ба Тоҷикистон омад. Рӯзи 15-уми марти соли 2019 Поммершайм эътиборномаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон супорид.
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2025
“Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод
Пагоҳ субҳ Масъуд Пизишкиён аз Тоҷикистон меравад. Ҳаракат дар кадом роҳҳо маҳдуд мегардад?
Дар Ӯзбекистон барои рондани скутер “права” доштан ҳатмӣ шуд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя чӣ?
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Миёни Тоҷикистону Эрон 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста