Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Покистон меравад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти президент.
Сафари расмии сарвари давлати Тоҷикистон ба ин кишвар рӯзҳои 14-15 декабр баргузор мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, зимни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Покистон ва намояндагони воломақоми сенати ин кишвар дидору гуфтушунид мекунад.
“Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин масоили ҳамкориҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ ба энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва ғайра баррасӣ хоҳанд шуд”, - хабар доданд дар хадамоти матбуот.
Зикр шуд, ки дар ҷараёни дидору гуфтушунидҳо баррасии масоили амният дар минтақа, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки пеш аз ин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли гузашта ба Покистон ташриф оварда буд.
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Боздошти як ҷавони 22-сола барои пахш кардани корманди БДА
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста