Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар Кобул дидор кардааст. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” бо такя ба хабаргузории ТАСС хабар медиҳад.
Дар ин дидор, ки баъд аз зӯҳри якшанбе, 15-уми январ, сурат гирифтааст, Кобулов ба барқарории сареъи сулҳ ва оштии миллӣ дар Афғонистон таъкид кардааст.
Амирхон Муттақӣ зимни мулоқоти худ гуфтааст, ки “раҳбари Толибон* ба тавсияҳои дӯстонаи Русия гӯш медиҳад ва рӯйи ташкили як давлати фарогир, дар мавриди масоили ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон кор мекунад”.
Ба иттилои ин рӯзнома, сафорати Русия дар Кобул бо нашри баёнияе гуфтааст, ки дипломатҳои рус бар тааҳҳуди Маскав ҷиҳати ҳимоят аз мардуми Афғонистон «ба нафъи барқарории сареъи сулҳ ва дастёбӣ ба оштии миллӣ» таъкид мекунанд.
Ҳамчунон, гуфта шудааст, ки ду тараф дар бораи бартарафсозии мушкилоти тавсеаи тиҷорат, ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва мубориза бо гардиши маводи мухаддир гуфтугӯ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия мисли аксар кишварҳои ҷаҳон ҳукумати дар пайи ғасби қудрати қонунии Афғонистон таъсисдодаи Толибонро ба расмият намешиносад, аммо бо ин гуруҳ робитаи мустақим ва ҳасанаро ба роҳ мондааст. Равобити Маскави расмӣ ва Толибон қабл аз ба сари қудрат омадани онҳо низ хуб буд ва намояндагони ин гуруҳ меҳмони Маскав низ шуда буданд. Пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон, дар тобистони соли 2021, Маскав бо ин гуруҳ равобити худро хуб нигоҳ дошта, фиристодаи ин кишвар дар масоили Афғонистон чандин маротиба бо роҳбарони ин гуруҳ мулоқот кардааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста