Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 25 январ ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ шуд.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, намояндаи доимии кишвар дар СММ Ҷонибек Ҳикмат зимни муаррифии номзадиии кишвар қайд кард, ки бо иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои гуногун дар доираи СММ, инчунин бо назардошти таҷрибаи беназири кишвар вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028 - 2029 номзадии худро пешбарӣ намояд.
Гуфта мешавад, дар фарҷоми баррасии мавзӯи мазкур, кишварҳои узви СҲИ якдилона ҷонибдории худро аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.
Шӯрои амнияти СММ мақоми доимо амалкунандаи Созмон буда, мутобиқи моддаи 24 Оинномаи СММ, таъмини сулҳу амнияти байнулмилалӣ ба дӯши он вогузор шудааст. Аз ҷумлаи шаш “мақоми асосӣ”-и СММ мебошад.

Созмони ҳамкории исломӣ созмони байнулмилалии кишварҳои исломист, ки айни замон 57 кишварро бо ҳудуди 1,5 млрд нафар аҳолӣ муттаҳид мекунад. Ҳамкорӣ байни давлатҳои мусулмонӣ, фаъолияти муштарак дар арсаи байнулмилалӣ ва расидан ба рушди устувор дар кишварҳои узви Созмон аз ҷумлаи ҳадафҳои СҲИ унвон мешаванд.
Ба ҳайати Шӯрои амнияти СММ 15 кишвари узв - 5 доимӣ ва 10 - ғайридоимӣ шомиланд, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ба муҳлати ду сол интихоб карда мешаванд. Аъзои ғайридоимии Шӯрои амният аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ интихоб мешаванд:
5 кишвар - аз давлатҳои Африқо ва Осиё;
1 кишвар - аз давлатҳои Аврупои Шарқӣ;
2 кишвар - аз давлатҳои Амрикои Лотинӣ;
2 кишвар - аз давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ва дигар давлатҳо.
Аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ, ки ҳуқуқи вето доранд, Чин, Русия, Британияи Кабир, ИМА ва Фаронса мебошанд.
Қобили зикр аст, ки зиёда аз 50 кишвари узви СММ то ҳол ягон маротиба узви Шӯрои амнияти Созмон набудаанд.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста