Сухангӯи авиатсияи граждании Қирғизистон Ирина Болбот гуфтааст, кишвараш ҳанӯз иҷозат надода, ки дар масири парвози Душанбе-Урумчӣ аз ҳарими ҳавоияш истифода шавад. Дар ин бора centralasian.org бо такя ба “Радио Свобода” хабар медиҳад.
Ин расона аз қавли Болбот менависад, ҷониби Тоҷикистон барои истифодаи ҳарими ҳавоии Қирғизистон аз 8 феврал то 21 марти имсол дархост фиристодааст, вале ҳанӯз посух дода нашудааст. Он дар ҳоли баррасӣ мебошад.
Абдуқосим Валиев, мудири умумии ширкати "Сомон Эйр", рӯзи 1-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфта буд, парвозҳо дар самти “Душанбе-Урумчи” ҳафтае ду бор анҷом мешавад. Ба гуфтаи ӯ, як парвоз аз тарафи "Сомон Эйр" ва як парвоз аз тарафи ширкати чинӣ анҷом мешавад.
Дилшод Сафарзода, роҳбари Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ дар ин нишаст гуфт, "яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳалли худро наёфта истодааст, ин кушодани хати аэронавигатсионӣ байни Тоҷикистон ва Чин мебошад, ки бинобар сабаби набудани роҳи ҳавоӣ ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвари ҳамсоя парвозҳоро тавассути фазои ҳавоии Қирғизистон иҷро менамоянд".
Он замон Сафарзода дар посух ба суоли хабарнигорон гуфта буд, ки дар масъалаи истифода аз фазои ҳавоии Қирғизистон барои сафар ба Чин "ягон мушкилӣ нест" ва танҳо мехоҳанд бо кушодани хати нави ҳавоӣ, масирро кутоҳтар кунанд.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста