Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷиии Тоҷикистон аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи Русия ва Украина изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, бо вуҷуди ин, онҳо зидди ширкати тоҷикон дар ин муноқиша ҳастанд.
Ӯ дар нишасти хабарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки имрӯза 17-уми феврал баргузор шуд, афзуд, онҳо ҳама корро карда истодаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз ягон тараф ба муноқишаҳо пайваст нашаванд.
Дар робита ба ин ба гуфтаи ӯ, сафоратҳову консулгариҳо ва ҳатто ҷамъиятҳои тоҷикон дар Украина, Русия ва Қазоқистон корҳои лозимаро бурда истодаанд.
“Бо донишҷӯёну дигарон мулоқотҳо мекунему мефаҳмонем, ки ба чунин корҳо пайваст нашаванд. Мардуми мо озоданд, дар дигар кишварҳо мехонанду кор мекунанд. Ақидаву нигоҳи худро дорад. Бо кадом роҳҳо ба он ҷойҳо рафтаанд мо намедонем, лекин мо зидди чунин ҷараёнҳо ҳастем ва намехоҳем, ки шаҳрвандони мо дар он ҷойҳо иштирок кунанд”, - шарҳ дод Сироҷиддин Муҳриддин.
Номбурда бори дигар аз шарикии стратегии Тоҷикистон бо Русия ёдовар шуд ва гуфт, ҳамчунин, Тоҷикистон бо Украина муносибату хуб доранд ва “тарафдори онем, ки ин муноқишаҳо ҳарчи зудтар хотима ёбанд”.
Бо гузаштаи қариб як сол аз муноқишаи Русия ва Украина, хабари ширкати даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, дар ин муноқиша аз як ҷониб расонаӣ мешавад. Ҳамчунин, хабари кушта шудани чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, расонаи мешавад.
Аз ҷумла, Радиои Озодӣ то ин дам дар бораи 10 нафар зиндонии тоҷик маълумот пайдо кардааст, ки ба ҷанг алайҳи Украина бурда шуда, кушта шудаанд. Ҷасади шаш нафари онҳоро ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Ҳоло дақиқ нест, чанд шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Русияву Украина иштирок доранд ва чӣ қадари онҳо кушта шудаанд. Мақомоти Русия ҳеч иттилоъ намедиҳанд ва мақомоти Тоҷикистон дар ин бора зиёд суҳбат намекунанд.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста