Тағйирёбии сиёсати Русия

Афғонистон ба майдони асосии терроризм дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Дар ин бора Анатолий Сидоров, раиси ситоди муштараки СААД хабар дода, таъкид кард, ки гурӯҳи бисёрҳазорнафараи “Давлати исломӣ” дар марз бо Тоҷикистон таҷаммӯъ кардаанд. Сидоров масъулияти таҷаммӯъи ин гуруҳро ба дӯши Толибон*, ки зимоми қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, вогузор намуд.

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон низ, ногаҳон аз Толибон интиқод намуд ва тахмин кард, ки ин ҷунбиш метавонад аз сӯи мардуми Афғонистон сарнагун шавад.

“Албатта, мо мекӯшем, ки ба корҳои дохилии дигар кишварҳо дахолат накунем. Аммо наметавонем ноумедии худро аз шеваи бархӯрди Толибон бо вазъ пинҳон кунем. Толибон, мисли ҳукуматҳои пешинаи лӯхтакмонанд, хушбахтанд, ки мардуме чун афғонистониҳоро доранд, ки метавонанд бо як пора нону об зиндагӣ кунанд. Аммо бас аст, ин тавр наметавонад давом ёбад”, - гуфт Кобулов дар мусоҳиба бо маҷаллаи ҳиндии The Week.

акс аз РИА Новости

Дар идомаи суҳбати худ Замир Кобулов иброз дошт, ки “...ҳаёт Толибонро маҷбур мекунад, то тағйир ёбанд. Аммо барои ин онҳо бояд худашон азоб кашанд, на мардуми Афғонистон”.

Ҳамакнун, Толибонро дипломатҳои рус ҳам танқид мекунанд. Аз ҷумла, Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни мусоҳиба бо РИА Новости аз ваъдахилофии Толибон интиқод намуд.

 “Амалан ҳама ваъдаҳое, ки Толибон замони ба қудрат расиданашон дар Афғонистон дода буданд, иҷро нашуданд. Толибон кафолат доданд, ки аз қаламрави Афғонистон ҳеҷ як таҳдиди террористӣ намешавад. Бо вуҷуди ин, мо дар моҳҳои охир шоҳиди ҳамлаҳои бузурги террористӣ, аз ҷумла ба муқобили намояндагиҳои дипломатӣ дар Кобул ва дар марз бо ҳамсояҳои шимолиамон будем”, - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.

Семён Григорев
Акс аз ТАСС

Чунин менамояд, ки пас аз якуним соли ба сари қудрат омадани Толибон, Маскав аз онҳо рӯй мегардонад. Ин чӣ маъно дорад?

Нокомии “нақшаи Кобулов” ва оғози “нақшаи Патрушев”

Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия дар телеграм - канали худ менависад: “Маскав ниҳоят бо чашми ақл ба хунтаи Толибон дар Кобул нигоҳ мекунад”.

“Замир Кабулов, мудофеи аслии Толибон дар Русия ногаҳон ба ваҳшат афтод. Дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи "The Week" ӯ (Замир Кобулов. Идора) на танҳо таҳайюри Маскавро аз режими Толибон, ки маълум гардид, аз уҳдаи идораи Афғонистон намебароянд, изҳор намуд, балки дӯстони зоҳиран собиқи худро дар Кобул аз эҳтимоли ошӯби мардумӣ тарсонид. То кунун ҷаноби Кобулов ҳамаро бовар мекунонд, ки Толибон нерӯи ҳастанд, ки бо онҳо метавон гуфтугӯ ва мувофиқат кард ва Маскав бояд аз сари қудрат омадани онҳо шод шавад. Ӯ мегуфт, ки ҳамакнун Афғонистонро ояндаи умедбахш интизор аст”, - навишт Серенко.

Ба ақидаи ин коршинос, дар ин роҳ, Кобулов то ҳадди имкон ҳама гуна кӯшиши муқовимати зидди Толибон дар Афғонистон ва ҳуқуқ ба мавҷудияти Ҷабҳаи муқовимати миллиро рад мекард.

“Ва акнун ин як гардиши ҷиддӣ аст. Толибон дигар дӯстони беҳтарини Маскав нестанд, низоми онҳо дигар боиси хушҳолӣ дар Русия нест ва дурнамои як навъ “шӯриши мардумӣ” алайҳи Толибон на танҳо афсонавӣ ба назар намерасад, балки Маскавро низ ба ҳарос намеорад”, - менависад ин коршиноси рус.

Ӯ мепурсад, ки “Чӣ гап шуд?” ва дар идома ба ин пурсиши хеш посух медиҳад, ки “зоҳиран “нақшаи Кобулов” ноком шуд ва ҳоло Маскав ба эҳёи стратегияи афғонӣ дар асоси “нақшаи Патрушев” шурӯъ мекунад”.

Ба андешаи Серенко, Патрушев мунтазам Толибонро “ҳамон як созмони террористии ДОИШ ва Ал-Қоида” номида, иртиботи ин гуруҳ бо Вашингтонро таъкид мекунад ва аз нотавонӣ ё майл надоштани хунтаи Толибон дар мубориза бо маводи мухаддир ва терроризм дар Афғонистон ҳарф мезанад.

“Ба ибораи дигар, агар Кобулов ҳамчун лоббии роҳандозии ҳамкории Кремл ва Толибон баромад мекард, пас Патрушев Толибонро ҳамчун як таҳдиди бешубҳаи батаъхирафтода ба манфиатҳои Русия арзёбӣ менамуд”, - иброз медорад Серенко.

Андрей Серенко
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Сиёсатшинос рус чанд далели чунин дигаргуниро номбар мекунад:

1. Толибон воқеан Маскавро ноумед карданд, зеро ҳеҷ як дархости он (ҳукумати фарогир, муборизаи воқеӣ бо ДИИШ, Ал-Қоида ва дигар созмонҳои террористӣ, инчунин маводи мухаддир) - ро иҷро накарданд.

2. Таваҷҷуҳи Толибон ба Русия камранг шуд ва ин гуруҳ ба барқарории равобити зич бо Иёлоти Муттаҳида тамаркуз кард.

3. Таваҷҷуҳ ба шахсияти Кобулов аз ҷониби Толибон камранг гардид. Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар сафари нокоми худ ба Кобул дар моҳи январ бо ҳеҷ як аз раҳбарони воқеии Толибон мулоқот накард. Ҳарчанд ба гуфтаи манобеъи мо, ӯ барои чунин мулоқот бисёр талош кард. Ба ибораи дигар, Толибон ба Кобулов ишора карданд, ки идомаи муколама шахсан бо ӯ ҳеҷ манфиате нахоҳад дошт.

“Ҳамаи ин ва боз сабабҳои дигар ба он оварда расонид, ки сиёсати Кремл дар қиболи Афғонистон тибқи “нақшаи Кобулов” ноком гардад”, - хулоса мекунад Сиренко.

“Маскав сиёсати худро алайҳи Толибон тағйир намедиҳад”

Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик дар умури Эрон ва Афғонистон, бовар надорад, ки дар ояндаи наздик тағйироти куллӣ дар сиёсати Русия дар қиболи Толибон сурат бигирад. Ӯ мегӯяд, "ин кор бо як қатор сабабҳо, аз ҷумла амалиёти махсуси низомии давомдор дар Украина, ҳанӯз имконпазир нест”.

“Ин гуна амалиёти низомӣ захираҳои хеле бузурги молиявӣ ва ҳарбию техникиро талаб мекунад. Ба гумон аст, ки Маскав барои бознигарии ҷиддии сиёсати худ нисбат ба Толибон иқдом кунад, зеро барои ин нерӯ ва воситаҳои иловагӣ лозим аст”, - мегӯяд Қосим Бекмуҳаммад.

Албатта, чанд сол пеш аз ғасби дубораи қудрат аз ҷониби Толибон, бархӯрди сохторҳои Русия ба ин ҷунбиш дугона буд. Масалан, Қосим Бақмуҳаммад зикр мекунад, ки мавқеъи вазорати корҳои хориҷӣ аз мавқеи низомиён ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баръало фарқ мекард ва ин имрӯз низ мушоҳида мешавад.

“Шояд ин бештар хусусияти тактикӣ дошта бошад, барои нигоҳдории робита бо гурӯҳҳои ғайритолибонӣ. Аз ин рӯ, дар бораи шикасти “нақшаи Кобулов” (ба далели изҳороти интиқодӣ алайҳи Толибон) ва пирӯзии “нақшаи Патрушев” хулоса баровардан бармаҳал аст. Бахусус, дар ҳоле ки бархе аз ҳамсояҳои бонуфузи Афғонистон, аз қабили Эрон, Ҳинд ва ғайра, на танҳо сиёсати худро нисбат ба Толибон бознигарӣ намекунанд, балки ҳатто таҳким мебахшанд. Ҳадди ақал, ба таври образнок гӯем, Русия омода нест, ки дар як самт бо ИМА ва Ғарб шино кунад", - зикр мекунад Қосими Бекмуҳаммад.

Қосим Бекмуҳаммад
Акс аз Asia-Plus

Ҳамчунин, коршинос бовар надорад, ки “ихтилофи таблиғшуда миёни раҳбарони Толибон метавонад боиси ихтилофи ҷиддӣ миёни нухбагони ин ҷунбиш гардад”.

Масалан, вазири дифои Толибон Мавлавӣ Ёқуб Муҷоҳид ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Шер Муҳаммад Аббос Станикзай, ки раҳбари худ Ҳайбатуллоҳ Охундзодро барои нодида гирифтани талаботи қонунии мардум интиқод карданд, ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз зарурати ҳифзи ин низом бо ҳар роҳ эълон карданд ва зикр намуданд, ки “яке аз асрори муваффақияти Толибон дар мавқеи ягона доштани онҳо аст”.

“Ҳар қароре, ки амири мо ӯ қабул кунад, мо бояд ба ӯ итоат кунем”, - таъкид карданд онҳо.

Яъне раҳбарони Толибон дарк мекунанд: Хатте ҳаст, ки убури он ғайриимкон аст, зеро бо убури он, бозпас гаштан ғайриимкон аст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.