Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 2 март раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустинро, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатиро таъкид намуд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Аз ҷараёни мусбати равобити ду кишвар дар бисёр соҳаҳои ҳамкорӣ, бахусус дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкории зичи ҷонибҳо дар бахши амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд”, - зикр мешавад дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Таъкид мешавад, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад.

“Дар соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 23,7 дарсад афзоиш ёфта, 1 млрд 674 млн долларро ташкил дод”, - омадааст дар хабар.

Дар ин замина, дар бораи имконоти бузурги ҳарду кишвар ҷиҳати афзоиши тиҷорати мутақобила ва якҷоя амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузории барои ҷонибҳо судманд, андешаронӣ сурат гирифт.

Президенти Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои дар соҳаи гуманитарӣ бадастомада баҳои баланд дод.

Ҳамзамон бо ин ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Дар рафти суҳбат ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.